Футболбозӣ авввал бо калла ва баъд бо тӯб шуд!

Ҳар сол санаи 10 декабр ба таври расмӣ набошад ҳам, РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ФУТБОЛ (World Football Day), ҷашн гирифта мешавад. Бад-ин минвол ҷомеаи байналмилалӣ эҳтироми хосаи худро ба ин намуди варзиш, ки барои миллионҳо нафар натанҳо бозӣ, балки тарзи ҳаёт гаштааст, зоҳир менамояд.
Дар бораи таърихи пайдоиши ФУТБОЛ ақидаҳо гуногунанд. Муаррихон дар бораи ин намуди тӯббозӣ бори нахуст аз сарчашмаҳои хитойии ҳазорсолаи дуюми то мелодӣ «ҳамчун бозӣ бо тӯбу пойҳо» пайдо намудаанд. Бо хитойӣ ин бозӣ Цу Чю ном доштааст, ки маънояш «Бо пой тела додан» аст. Бозии футбол ба низомиёни чинӣ имкон медод, ки ҳолати хуби тарбияи ҷисмониашонро нигоҳ доранд.
Дар асл, ҳеҷ кас намедонад, ки бозии футбол кай ба миён омадааст.
Баъзеҳо бар ин фикранд, ки асосгузорони футбол саксониҳо маҳсуб меёбанд, ки асри 8 дар Англия мезистанд. Онҳо дар майдони ҷанг, пас аз анҷоми набард, каллаҳои буридаи душманманонро шатта мезаданд.
Дарвозаи футбол буду дарвозабон низ. Ин аниқ аст, ки он як қисми тарбияи ҷисмонии аксарон 3 ҳазор сол пеш маълум буд.
Аммо тӯр дар дарвозаҳои футбол аввалин бор моҳи марти соли 1891 ҳангоми вохӯрии мунтахабҳои Англияи Шимолӣ ва Ҷанубӣ истифода гардидааст.
Дар Юнон ва Рими бостонӣ низ беш аз дуюним ҳазор сол пеш футбол мебозиданд. Юнониҳо онро «мубориза барои тӯб» меномиданд. Аз ин бармеояд, ки дар он аз усулҳои гуногуни муҳорибаҳои ҷангӣ истифода мекардаанд.
Боз ду факти ҷолиби дигари футбол:
— 24 октябри соли 1897 дар Русия баргузории нахустин вохӯрии расмии футбол ба қайд гирифта шуд:
— 13 июли соли 1930 дар кишвари Уругвай нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол шурӯъ гардид.

Эмоми НАЗАРИЁН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *