Футболбоздухтарони тоҷик Индонезияро тасхир мекунанд?

Дар Кумитаи олимпии Тоҷикистон маросими гусели варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои тобистонаи Осиё, доир шудааст.

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин маросим рӯзи 9-уми август бо ширкати муовинони раиси ин ниҳод Шамсулло Соҳибов, Аҳтам Абдуллозода ва варзишгарону мураббиёне, ки ба Бозиҳои Осиё-2018 ба Индонезия мераванд, сурат гирифтааст. Раҳбарии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро  президент Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда дорад.Дар Бозиҳои Осиё-2018 80 нафар аз варзишгарони Тоҷикистон дар 15 намуди варзиш иштирок мекунанд. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, бори аввал дар таърихи футболи кишвар дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол дар ин бозиҳо иштирок мекунанд. Тоҷикистон аз соли 1994 дар Бозиҳои Осиё иштирок мекунад ва варзишгарони тоҷик сазовори 21 медал, аз ҷумла 4 медали тилло гардидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *