Футболбози тоҷик Эронро тасхир кард. Шеруддин Бобоев кист?
Ҳамлагари 23-солаи тоҷик Шеруддин Бобоев дар бозии тими “Санъати нафт” бо “Ҳаводор” дар Эрон голи ҳалкунанда зад. Ин аввалин бозии ӯ дар тими навпайвастаи “Санъати нафт” мебошад ва бо задани гол аввалин пирӯзии дастаашро дар ин мавсим фароҳам сохт. Пас аз ин ӯ мавриди таваҷҷуҳи расонаҳои Эрон қарор гирифт. Ӯро чун “гумшуда ва ноҷии “Бразил” (тими “Санъати нафт”-ро ба хотири пироҳанҳои зардашон, ки шабеҳи бразилиҳост, чунин меноманд)” муаррифӣ намудаанд.
Шеруддин баъди ба тими футболи “Санъати нафт” пайвастан зуд миёни мардуми Эрон мухлисони зиёди худро пайдо кард. Мардум аз ӯ хуб истиқбол намуданд. Дар шарҳи навору аксҳои ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷумлаҳое вохӯрдан мумкин аст, ки аз ӯ ситоиш карда мешавад.
Шеруддин 21-уми апрели соли 1999 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ӯ аз хурдӣ ба футбол пайваст ва дар синни 17-солагӣ ба дастаи “Истиқлол” пайваст. Ӯ инчунин дар дастаҳои “Барқчӣ” ва мунтахаби миллии футболбозони то 19-сола ва то 23-сола бозӣ кардааст. Соли гузашта тибқи шартнома шомили дастаи “Мақтаарал”-и Қазоқистон буд ва пеш аз он дар “Пенанг”-и Малайзия низ бозӣ кардааст. “Пахтакор”-и Ӯзбекистон мехост ӯро ба тими худ ворид намояд, вале гуфтушуниди онҳо номаълум боқӣ монд. Чанде пеш Шеруддин бо бастани шартнома ба тими “Санъати нафт”-и шаҳри Ободони Эрон пайвастааст ва мехоҳад Қаҳрамони лигаи Эрон шавад. Бобоев дар дастаи “Санъати нафт” дар қатори 7 бозингари қимматтарин шомил мебошад, ки қимати ӯро 250 ҳазор евро муайян кардаанд.
Шеруддин дар “Истиқлол” дар 92 бозӣ кардаву 53 гол ба самар расонидааст ва 8 ҷоизаҳои гуногунро ҳангоми дар ин даста буданаш соҳиб шудааст. Аз 25 бозии дар “Барқчӣ” анҷомдода 7 гол вориди дарвозаи рақибон намудааст. Дар “Пенанг”-и Малайзия 22 бозӣ анҷом дода, ба задани 6 гол мушарраф шудааст, вале дар “Мақтараал”-и Қазоқистон ба задани гол даст наёфтааст. Солҳои 2018 бо 12 ва 2019 бо 16 гол ду маротиба беҳтарин голзани лигаи Тоҷикистон эътироф гардидааст.
Сомонаи “ВАРЗИШИ СЕ” менависад: «Шеруддин дар поёни бозӣ ва ба забони форсӣ бо хабарнигорони ҳозир гуфтугӯ кард ва дар мавриди голи задааш гуфт: хеле хушҳолам, ки бозиро бо пирӯзӣ пушти сар гузоштем ва худам ҳам тавонистам, ки голзанӣ кунам. Ин бурдро ба ҳаводорон ва мардуми Ободон тақдим мекунам”.
Шеруддин Бобоев сеюмин ҳамлагари мунтахаби футболи Тоҷикистон аст, ки пас аз Ваҳдат Ҳаннонов ва Эҳсони Панҷшанбе, ки яке дар дастаи “Персеполис” ва дуюми дар дастаи “Зобоҳан” ҳунарнамоӣ мекунанд, ба дастаи Эрон гузашт.
Шеруддин Бобоев дар суҳбат бо хабарнигори “Имна” мегӯяд, ки “аз дӯстонам Манучеҳр Сафаров ва Ваҳдат Ҳаннонов дар бораи лигаи бартари Эрон пурсуҷӯ кардам. Онҳо ба ман гуфтанд, ки “Санъати нафт” як бошгоҳи маъруф аст ва ин маъруфият аз тарафдорон ва таърихи бошгоҳ сарчашма мегирад, аммо дар баъзе моҳҳо ҳаво дар Ободон хеле гарм аст ва бозӣ кардан дар инҷо роҳат нест, бояд бо обу ҳавояш мутобиқ шавӣ, аммо дар ниҳоят омадам ва рӯз ба рӯз ҳиси беҳтаре нисбат ба ин шаҳр ва тим пайдо мекунам. Бозикунон муносибати хеле хуб бо ман доштанд ва дар тамоми маврид ба ман кумак карданд”.
Шеруддин ният дорад, ки ба василаи бозӣ дар Эрон бо зиндагии мардум, урфу одат, таъриху фарҳанги мардуми Эрон, ки бо Тоҷикистон пайванди ҳамзабонӣ дорад, ошно гардад. “Ҳадафи ман ин аст, ки битавонам ҳамроҳи тимам ба муваффақият бирасем ва бозии худро хубтар кунам, голзани беҳтарин шудан дар хуни ман ҳаст ҳамеша ва ҳама ҷо мехоҳам битавонам ба ин дастовард бирасам”,- мегӯяд ӯ.
Дар мавриди он, ки бархе назар доранд Тоҷикистон футболи хуб надорад ва футболбозон аз он фирор мекунанд, Шеруддин мегӯяд: “Метавонам бигӯям, лигаи Тоҷикистон ҳанӯз футболи хубро дорад, албатта лигаи Эрон сатҳи болотар дорад, аммо лигаи Тоҷикистон низ қавӣ аст, ҳар бозикуне наметавонад дар онҷо бозӣ кунад. Ман дар лигаи Тоҷикистон бозӣ кардаам ва медонам, ки дар робита бо чӣ суҳбат мекунам. Албатта лигаи Тоҷикистон монанди Эрон ва Ҷопон нест, аммо ба ҳар ҳол шароити хуб дорад”.
Таҳияи Идибеки САИД
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ