Футболи хурд бахшида ба Рӯзи Президент
Вохӯриҳои 54 даста барои Ҷоми раиси Душанбе
20 сентябри соли равон минбаъд ҳар сол Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми раиси Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 16 ноябр таҷлил мегардад, ба мусобиқаҳои дигари дарёфтии Ҷоми раиси шаҳри Душанбе зам мешавад.
Маросими ифтитоҳи ин мусобиқаи нав, ки бори нахуст сурат гирифт, бегоҳии 20 сентябр дар Варзишгоҳи марказии пойтахт барпо гардид. Дар маросими ифтитоҳ муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иштирокчиёни Мусобиқаи футболи хурдро барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз навгониҳои соҳаи варзиш дар пойтахт – бунёди майдончаҳои зиёди варзишӣ дар ҳашт моҳи соли равон ва нақшаҳои ояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри рушду нумӯи варзиш иттилоъ дод. Мавсуф ба иштрокчиёни мусобиқа дар майдонҳои сабзи футболи хурд барору комёбиҳо хоста, мусобиқаи мазкурро кушода эълон кард.
Дар мусобиқаи номбурда 54 дастаи вазорату раёсатҳо ва муассисаву ташкилотҳои пойтахт дар ҳашт гурӯҳ ширкат хоҳанд варзид. Бозиҳо дар гурӯҳҳо аз рӯи системаи даврӣ доир шуда, ѓолибони гурӯҳҳо ба марҳилаи баландтар роҳ хоҳанд ёфт.
Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардида, дастаи ѓолиб бо Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе, медалҳои тилло ва мукофотпулӣ сарфароз мегардад. Дастаҳое, ки мақомҳои дуюм ва сеюмро касб мекунанд, бо медалҳои нуқраю биринҷӣ ва мукофотпулиҳо қадрдонӣ мешаванд. Инчунин, бозингарони беҳтарин бо ҷоизаҳои алоҳида мукофотонида хоҳанд шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ