Футболи сархӯр. Чор футболбозе, ки дар майдон ҷон доданд

Марги ӯ ҷаҳони футболро такон дод

Нимҳимоятгари тими миллии Камерун Марк Вивиен 1 майи 1975 дар пойтахти Камерун шаҳри Яаунд таваллуд шудааст. Вай фаъолияти худро ҳамчун бозингари дастаи Иттифоқи Гаруа аз дивизияи дувуми Камерун оғоз кардааст. Баъдтар ӯ ба клуби Канун, ки яке аз калонтарин клубҳои футболи кишвараш маҳсуб меёфт, гузашт ва дар соли 1993 кубоки миллиро ба даст овард.

Дар ҳамон сол, тими миллии Камерун U-20 таҳти роҳбарии Жан Манга барои иштирок дар Ҷоми Ҷаҳон ба Австралия рафт: Марк Вивиен низ дар қатори 18 футболбози даста шомил буд. Ӯ дар ҳар се вохӯрии тимаш  ба майдон баромада, якум бо Русия (мағлубият 0: 2), дуюм бо Колумбия (мағлубият 2: 3) ва сеюм бо Австралия (ғалаба 2: 0) бозӣ кардааст. Дар бозии муқобили Колумбия Марк як гол зад ва дастаи ӯ бидуни расидан ба даври чаҳорякфинал дар гурӯҳ мақоми сеюмро соҳиб шуд.

Худи ҳамон сол 23 сентябр дар варзишгоҳи Мемориал Колизей дар Лос-Анҷелес Марк Вивиен бори аввал дар ҳайати тими миллии Камерун баромад кард, ки бо тими миллии Мексика буд ва ин вохӯрӣ бар ҳисоби 1-0 бар нафъи камеруниҳо анҷом ёфт.

Марк Вивиен ба дархости дастаи миллии Камерун барои Ҷоми Конфедератсияи соли 2003, ки дар Фаронса баргузор мегардад, ворид карда шуд. Вай дар тими миллӣ дар марҳилаи гурӯҳӣ дар бозиҳои Бразил ва Туркия бозӣ намуд ва Камерун дар ҳарду бозӣ бо ҳисоби 1-0 ғалаба кард. Аммо дар бозии муқобили Амрико ҳисоб баробар шуд.

26 июни соли 2003, Камерун бар зидди Колумбия дар варзишгоҳи Стад де Герлан дар Лион баромад ва Марк-Вивиен ба зинаи аввал баромад — дастаи Камерун дар дақиқаи 9-ум гол зад. То дақиқаи 72-юм бози хуб пеш мерафт. Дар миёнаҳои дақиқаи 72-юми бозӣ Марк Вивиен ногаҳ дар майдон меафтад ва аз худ бе худ мешавад. Дарҳол духтурон наздаш меоянд ва кӯшиш мекунанд, ки ӯро ба ҳуш оранд, вале бенатиҷа. Табибон ба ӯ нафаси сунъӣ дода, ба беморхонаи варзишгоҳ интиқол доданд, вале мутаассифона Маркро наҷот дода наметавонистанд ва ӯ ҷон бохт.

Табибон муайян карданд, ки Марк аз ҷониби гипертрофияи кардиомиопатия, як бемории меросии системаи эндокринӣ, ки метавонад ба марги ногаҳонӣ оварда расонад, вафот кардааст. Ин дар ҳоле буд, ки мураббии тими миллии Камерун Винфрид Шефер гуфтааст, ки  чанд дақиқа пеш аз фоҷиа хоҳиши иваз кардани Марк Вивиен доштааст, вале футболбоз рад кардааст.

Ӯ машрубот наменӯшид

Вивиен имон ба калисои католикии Рум дошт, ин сабаби ягонаи хайркуниҳояш буд. Ӯ даромадашро бисёртар аз футбол ба корҳои хайру саховат ба камбизоатону муҳтоҷон сарф мекард. Вай, инчунин шарбати гиёҳ мехӯрд ва ба қавли расонаҳо ҳеҷ гоҳ машруботи спиртӣ нанӯшида буд.

Марк Вивиен бо духтаре бо номи Мари Луиза хонадор шуда, аз онҳо писаре тавлид мешавад, ки номашро Марк Скотт мегузоранд. Дар моҳи ноябри соли 2015 алайҳи писараш Марк Скотт дар робита бо ҳамла ба рӯҳониён Люк Бикет дар Лион кушода шуд. Ҳамин тавр додситонӣ Марк Скоттро ба муҳлати 8 сол равонаи зиндон кард. Вале вакили дифоъаш бо сабабе, ки Марк Скотт дар хурдӣ аз марги нобаҳангоми падараш ҷароҳати рӯҳӣ гирифтааст, муҳлати маҳбусияшро аз 8 ба 5 сол кам кард. Дар натиҷа, Марк-Скотт дар соли 2018 панҷ сол зиндон гирифт.

Ҳамин тавр, Марк Вивиен дар синни 28-солагӣ аз олам чашм пӯшид ва аз ҳамон рӯз ҷумлаи “марги ӯ ҷаҳони футболро такон дод” дар забони ВАО-и кишвараш серистеъсол шуд.

Марги ӯ ҳайратовар буд

Футболбози ҳиндустонӣ Питер Биаксангзуала нафари дигаре мебошад, ки дар таърихи футболи ҷаҳонӣ ба қавле футбол сарашро хӯрдааст.

Футболбози боистеъдод дар бозии қаҳрамонии яке аз лигаҳои поёнии Ҳиндустон иштирок карда, тӯбро вориди дарвозаи рақиб мекунад ва чун анъанаи маъмули  футболбозон барои ҷашнгирии гол дар якҷоягӣ бо ҳамдастагонаш хурсандӣ мекунанд. Дар ин миён Питер ба пушт “салто” мепарад ва дар ин вақт сутунмуҳрааш осеб мебинад.

 “Питер футболбози боистеъдод буд, ки орзуи бозӣ дар тими миллиро дошт. Марги ӯ барои ҳамаи мо ҳайратовар буд. Мо фикр мекардем, ки ӯ шифо хоҳад ёфт”, гуфтааст ба расонаҳо намояндаи федератсияи маҳаллӣ Лал Хмар.

Ӯро Реал Мадрид хариданӣ буд

Футболбози испанӣ, ҳимоятгари дастаи Севиля Антонио Пуерта 26 ноябри соли 1984 дар Севиля таваллуд шудааст. Аз соли 1992 Антонио дар дастаи кӯдаконаи Севиля тамринро оғоз кард. 19 сентябри 2004 ба ҳайси нимҳимоятгар дар ҳайати асосии Севиля кард бозиро шурӯъ кард.

Аз соли 2006 Пуэрта дар ҳайати ибтидоии даста мунтазам ба майдон баромад. Дар тӯли мавсим 25 бозӣ анҷом дод. Моҳи апрели соли 2006, дар вақти иловагӣ, вай дар нимфинали Ҷоми УЕФА голи ғалабаро бар зидди Шалкеи Олмон ба ҳадаф расонд. Пас аз як моҳ ӯ барои ғолиби Ҷоми УЕФА медал ба даст овард, гарчанде ки ӯ дар бозии ниҳоӣ бар зидди Мидлсбро, ки Севиля бо ҳисоби 4: 0 ғалаба кард, иштирок накардааст.

Дар мавсими 2006/07 Пуерта 46 бозӣ анҷом додааст. Дар моҳи майи соли 2007, ҳимоятгар дар тамоми 120 дақиқаи бозии ниҳоии Ҷоми УЕФА бар зидди Эспанол бозӣ кардааст.

Дар нимаи моҳи август, пеш аз оғози мавсими 2007/08, дастаи Реал Мадрид Пуэртф ва Дани Алвес аз Севилля ба маблағи 37 миллион евро хариданӣ шуд, вале ин кор анҷом наёфт, зеро 25 августи соли 2007 ҳангоми бозӣ бо Ҳетафе дар даври якуми Чемпионати Испания 2007/08, Антонио ногаҳ дар вақти бозӣ, дар майдон худро нороҳат ҳис карда, дилашро қапида-қапида майдонро тарк кард. Дар ҳуҷраи либосивазкуни тапиши дилаш қариб, ки аз кор монд ва ӯро фавран ба яке аз беморхонаҳои шаҳри Севиля бурданд. Дар бемористон вазъи ӯ беҳтар нашуд ва рӯзи 28 август вафот кард.

Ӯ 5 сония нафас кашид

Миклош Фехер 20 июли соли 1979 дар Татабаня таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатиашро дар клуби «Дёр» оғоз намуда, онро дар чемпионати Португалия идома додааст. Дебют барои тими миллӣ моҳи октябри соли 1998 бар зидди дастаи Озарбойҷон сурат гирифт. Фехер яке аз футболбозони боистеъдоди Маҷористон дар аввали солҳои 2000-ум буд.

25 январи соли 2004 Бенфика ба Гимараес омад, то ки бо дастаи маҳаллии Витория дар даври 19-уми Суперҷоми Португалия бозӣ кунад. Дар дақиқаи 59-уми бозӣ ба ҷои Хуан Перейра футболбози дигар вориди майдон шуд. Дар ин бозӣ Фехер тавонист дар дақиқаи 90-ум тӯби головарро вориди дарвозаи рақиб кунад. Каме баъдтар бозингари ҷавон Миклос Фехер барои кӯшиши боздоштани ҳамла дар дақиқаи иловагии бозӣ бо корти зард огоҳ карда шуд. Баробари корти зардро дидан дар майдон афтид. То омадани бозингарон ӯ нафас мекашид, тақрибан 5 сония. Вале ҳамин ки болои сарашро анбӯҳи футболбозону духтурон иҳота карданд, ҷон дод.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *