Футзалбозон ба финали Ҷоми Осиё-2022 омода мешаванд (аудио)
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар шаҳри Гулистон ҷамъомади таълимию тамриниро оғоз кард.
Барои ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки то 15-уми сентябр идома хоҳад кард, сармураббии тими футзали кишвар Пайрав Воҳидов 14 бозигар — 2 дарвозабон ва 12 футзалбозро даъват кардааст.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Гулистон ба Дубай рафта, ҷамъомади ниҳоии тамриниро қабл аз Ҷоми Осиё-2022 дар Кувайт баргузор мекунад. Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 27-уми сентябр то 8-уми октябр дар Кувайт баргузор мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гуруҳи «В» бо дастаҳои Баҳрайн (27-уми сентябр), Ўзбекистон (29-уми сентябр) ва Туркманистон (1-уми октябр) бозӣ мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ