Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад: Чаро эҳтироми калонсолон аз байн рафт?
Хушбахт он шахсест, ки устоди хирадманду донишманд дорад ва дар пастию баландиҳои рӯзгор бо сарбаландӣ мегузарад. Беҳуда устод Рӯдакӣ нагуфтааст:
Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
Ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим одамон аз рӯи ин панд амал карда, дар кору зиндагии худ ҳамеша аз калонсолон маслиҳатҳо мепурсиданд. Ҳатто баъди ҷанги бародаркуш ҳам меҳру муҳаббати калонсолон ва ҷавонон ба якдигар зиёд буд. Ба хотир меоварам солҳои 1997-2012. Чӣ қадар ҷавонон ва миёнасолон шахсони аз 60-сола болорафтаро бениҳоят ҳурмат мекарданд. Худи ҷавонон ба калонсолон бисёр наздик шуда кор меомӯхтанд ва ба калонсолон низ ёрӣ медоданд. Аммо, мутаассифона, бо мурури замон оҳиста-оҳиста ҳурмату эҳтироми калонсолон аз байн рафт. Дар як муассиса кор ва фаъолият мекунанд, лекин ягон зарра нисбат ба калонсолон ҳурмату эҳтиром надоранд. Аксарияти ин ҷавонон нав дар донишгоҳ дохил шудаанд ё ин ки акнун донишгоҳро хатм намудаанд. Онҳо мақсади пурра омӯзгор шуданро надоранд. Чун онҳоро дар муассиса қабул намуданд, худро бениҳоят доно ва донишманд мегиранд, гӯё ки ҳама чизро медонанд, аз тарзи рафтор ва гуфторашон чунин бармеояд, ки гӯё аз осмони ҳафтум омада бошанд, ҳатто баъзеашон ба кас салом намедиҳанд. Аммо дар кор танбалу бесаводанд, намехоҳанд, ки онҳоро касе бисанҷад, ё ба дарсҳояшон дароянд.
Ман худ омӯзгор будам. Меҳри омӯзгорӣ дар дили ман он қадар сахт ҷой гирифта буд, ки шабҳои дароз аз китобхонӣ ва тафтиши дафтару иншоҳои хонандагон дил канда наметавонистам. Дар ҳақиқат китоби дарсӣ асбоби аёнист, лекин ман ҳеҷ гоҳ дар вақти дарс китобро ба даст намегирифтам, гумон мекардам, ки хонандагон мегӯянд:“Муаллима худ аз китоб ба мо хонда медиҳад.” Омӯзгорони ҷавони имрӯза аксарият аз рӯи китоб дарсро хонда, нақл мекунанд. Магар хонанда аз ин гуна муаллим чизе меомӯзад? Худ қазоват намоед. Ҳол он ки муаллим бояд ҷиддӣ ба дарс тайёр бошад, то ин ки дар оянда таблаки таълимгоҳ нашавад.
Ба хотир меорам дарси муаллими ҷавони фанни таърихро, ки як соат дар дарсаш нишаста будам. Дарс бо мағали зиёд мегузашт. Омӯзгор хонандагонро ба тахтаи синф даъват мекард, лекин хонандагон мавзӯи дарси хондагиро пурра аз китоб хонда медоданд, аммо муаллимро аз ин парвое набуд ва ба онҳо баҳои хубу аъло мегузошт. Худ низ дарсро бо мағал мефаҳмонд, яъне аз китоб баъзе ҷойҳои мавзӯъро мехонду ба хонандагон мегуфт, ки нависед. Як ё ду хонанда менавишту дигарон бошанд, мағал карда менишастанд. Вой бар ҳоли дарсе, ки чунин мегузарад. Дар ин кор на директори мактабро парвое ҳасту на шахсиятҳои дигари боломақомро. Роҳбарони муассисаҳо фикр мекунанд бо омӯзгорони собиқадор ё нафақахӯр кор кардан мушкил аст ва ҳар чӣ тезтар мехоҳанд, ки онҳо аз кор бираванд. Онҳо мехоҳанд, ки бештар ҷавононеро ба кор қабул намоянд, ки бештар дар корҳои ҷамъияти фаъол бошанд, аммо методикаи дарсро надонанд ҳам ҳеҷ гап не.
Дар байни халқ мегӯянд:
“Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад”.
Дар давоми солҳои кориам бисёр ҳодисаю воқеаҳоеро нисбати нафақахӯрон дидаам, ки дар навиштани онҳо қалам оҷизӣ мекунад. Аз пеши назарам он лаҳзае дур намегардад, ки чӣ гуна нафақахӯрро монанди саги бегонае, ки ба ҳавлии кас медарояд ва ӯро соҳиби хона ҷорӯб гирифта пеш мекунад. Ба ӯ директори мактаб мегӯяд:“Бирав муаллим туро аз боло ҷавоб доданд ва гуфтанд, ки ба ту соат надиҳам”. Муаллими бечора дар байни ҳавлӣ бо чашмони ашкбор меистод ва мегуфт:“Охир ман дар хона зиқ мешавам, илтимос ба ман панҷ соатак дарс диҳед шуд, танҳо раваму биёям, ки дар хона дилгир мешавам”. Аммо илтиҷои ӯро касе ба инобат нагирифт. Ӯ аз мактаб баромада рафт. Ман, ки ин лаҳзаҳоро бо чашмони худ дида будам, ба ман бисёр сахт таъсир намуд. Ва ҳатто дар ҷойи он муаллим худро пиндоштам. Чуноне ки гуфтаанд:
Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз,
То азизи дигарон гардӣ ту низ.
Аммо, мутаассифона ҷавонон ин корро намекунанд, онҳо гумон мекунанд ҳеҷ гоҳ пир намешаванд, аммо ин гардиши фалак аст, хоҳӣ нахоҳӣ пирӣ ба сари ҳар як шахс меояд. Беҳуда шоирони гузаштаи мо, аз ҷумла Унсурмаолии Кайковус дар асараш “Қобуснома” ба фарзандаш насиҳат карда нагуфтааст:“Писарам танҳо ҳамнишини ҷавонон мабош, бо пирон ҳам нишасту хез намо, чунки таҷрибаи бойи зиндагиеро, ки онҳо доранд, ҷавонон камтари онро надоранд”.
Бигзор омӯзгори нафақахӯр панҷ сол кор мекунад, се сол кор мекунад, то рӯзе қувват дорад, кор кунад. Ба онҳо киёнаю гӯшона задан бас аст, санг задан бас аст. Охир, вай ҳам дар вақте ки ҷавон буд, кор кард, дар корҳои ҷамъиятӣ иштирок кард, шогирдони зиёдеро ба воя расонид, шогирдонаш дар озмунҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷой гирифтанд, дарсҳои кушоди тарбиявӣ ва таълимӣ гузаронд. Аммо имрӯз он меҳнати омӯзгори нафақахӯрро касе қадр мекунад? На, ягон кас ҳатто дар гӯшу хаёлаш намеорад. Баъзе шахсиятҳо мегӯянд, ки ба ҳамаи ин замона гунаҳгор аст, лекин ин фикр нодуруст аст, замона чӣ тавре ки буд, ҳамон тавр аст, лекин одамон дигар шудаанд. Одамон бахил, тангназар, бераҳму бешавқат ва нодид шудаанд.
Гулсифат Юнусова,
омӯзгори собиқадор,
нафақахӯр
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ