«Гӯшаи деққон». Аз номи холӣ чӣ суд?

Иқдоми ташкили «Гӯшаи деққон» аз Иттифоқи «Тоҷикматлубот» сар зада, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастгирӣ ёфта буд. Дӯконҳои фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ бо номи зебои «Гӯшаи деҳқон»-ро ба он мақсад ба роҳ монда буданд, ки деҳқонон маҳсулоти хоҷагиашонро худ бемамониат дар бозорҳо бо нархи арзону дастрас пешкаши мардум намоянд. Ин тадбир дар аввал самарабахш ва писанди бахусус аҳолии шаҳри Душанбе буд.

Аммо баъдан «Гӯшаи деҳқон» ба дасти ҳаннотони муштзӯр гузашт, ки маҳсулоти деҳқононро ҳанӯз ба бозор нарасида, бо нархҳои арзон мехариданд ва баробари нархҳои бозор ба савдо мебароварданд. Дар ин гуна рақобати носолим деҳқонон аз бозор берун монданд.

Тибқи маълумот, дар соли 2009 дар маҳаллаҳои пойтахти кишвар 114 адад «Гӯшаи деҳқон» амал мекарданд, ки аксар дар дасти ҳаннотон буданд. Шаҳрдории онвақтаи Душанбе вазъиятро омӯхта, қарор кард, ки «Гӯшаи деҳқон»-ро 70 адад зиёд намояд. Аммо ин тадбир ба вазъият беҳбудӣ набахшид. Даҳ сол пеш дигар зарурат надоштани онро ба назар гирифта, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор карда буд, ки ба ҷойи онҳо мини-маркетҳо сохта шаванд. Сохта шуданд, аммо бо ҳамон номи назарфиреби «Гӯшаи деҳқон», ки имрӯзҳо дар баъзе маҳаллаҳои пойтахт фаъолият мекунанд. Мутаассифона, нархи маҳсулот дар ин «гӯшаҳо» аз бозорҳои шаҳр фарқ намекунад. Зеро деҳқонон ба паси пештахтаи онҳо роҳ дода намешаванд. Пас биёед ба онҳо дигар «Гӯшаи деҳқон» ном наниҳем ва ба ин назарфиребӣ хотима диҳем.

Чӣ мегӯед?

Эмоми НАЗАРИЁН, рӯзномангор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *