Гӯши хари ҳамсояро буриду ҷарима шуд
Як сокини ноҳияи Пешқуни вилояти Бухоро гӯши хареро буридааст, ки баъд аз он ҳайвон мурдааст. Дар ин бора субҳи рӯзи шанбе Ҷамъияти ҳифзи ҳайвоноти «Меҳр ва Оқибат» хабар дод.
Навори ҷонваре, ки аз захмҳояш хун меравад, аз ҷониби як сокини ин маҳалла дар интернет нашр шудааст. Ӯ гуфтааст, ки ин корро ҳамдеҳааш У.А кардааст. “Вақте ки хар хурд буд, думашро буридааст”, — мегӯяд муаллифи навор.
Нашрияи «Меҳр ва Оқибат» дар бораи ин ҳодиса ба ВКД-и Ӯзбекистон дархост фиристодааст, ки омили ин ҳодиса пайдо карда шуда, нисбати ӯ тибқи қонун муҷозот муқаррар карда шавад.
Нимаи дуюми рӯз аз РВКД-и Бухоро хабар доданд, ки нисбати У.А (соли таваллудаш 1985) тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Узбекистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Парванда ба суди ноҳия фиристода шуда, муҷозот тибқи ин модда ҷарима ба андозаи аз 5 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати то 15 рӯзро пешбинӣ мекунад, гуфта шудааст дар хабари РВКД.
Ҳамчунин, тибқи иттилои мазкур, ҳодиса шоми 6 апрел рух додааст. У.А, гӯё ба сабаби осеб дидани ҳавлиаш гӯшҳои хари ҳамсояашро буридааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ