Гӯшт дар Тоҷикистон: Истеҳсол зиёду нарх гарон

Дар Тоҷикистон дар панҷ моҳи соли ҷорӣ тавлиди гӯшт аз чорвои калону хурд, мурғ ва моҳӣ афзоиш ёфтааст. 

Аз маълумоти оморӣ бармеояд, ки истеҳсоли гӯшти чорвои калону майда дар давраи муайян назар ба нишондодҳои соли гузашта 2,9 фоиз афзуд. Аз моҳи январ то май дар ҷумҳурӣ беш аз 58,3 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол карда шуд.

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ тамоюли пай дар пай зиёд кардани истеҳсоли гӯшти паранда, асосан гӯшти мурғ мушоҳида карда мешавад. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз аввали сол беш аз 17,6 ҳазор тонна гӯшти паранда истеҳсол шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-майи соли 2021-ум 23,3% зиёд аст. Боздошту истеҳсоли гӯшти моҳӣ низ дар кишвар боло рафтааст. Вале сокинони кишвар аз он шикоят мекунанд, ки нархи маҳсулоти гӯштӣ дар бозорҳои кишвар бетағйир аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *