Гӯшт ва устухони зиёдатӣ: Чаро бештар кӯдаконро азият медиҳад?
Имрӯзҳо аксари кӯдакон аз мушкилии нафаскашӣ азият мекашанд. Ҳангоми ҳамсуҳбат бо волидони онҳо маълум мегардад, ки духтурон доштани гӯшти зииёдатӣ дар ковокии бинӣ ё каҷ шудани устухони он муайян кардаанд, ки бештар дар фасли сармо азият медиҳад.
Сабабҳои ин беморӣ дар чист ва он чӣ паёмадҳо дошта метвонад, ба ин ва чанд суоли мо Нозим Шодиев, мудири бахши гӯшу гулуву бинии Бемористони Ибни Сино чунин посух гуфт:
-Пеш аз ҳама сабабҳои пайдошавии гӯшт дар роҳҳои болоии нафас, аз ҷумла биниро мегуфтед?
-Пайдоиши салилаҳо, яъне гӯшти зиёдатӣ дар ковокии бинӣ, сабабҳои гуногун дошта, яке аз сабабҳои асосии он, раванди бодигармӣ (аллергекӣ) аст, ки боиси илтиҳоби луобпардаи ковокии бинӣ мешавад.
-Бештар дар кадом сину сол ин пайдо мешавад?
-Салилаҳои ковокии бинӣ метавонанд дар ҳамаи синну сол вохӯранд, аммо то ба балоғат расидан нисбатан камтар буда, бисёртар пас аз синни булуғ ва бештар дар мардҳо вомехӯранд.
-Ин иллат чӣ нишонаҳо дорад ва роҳҳои муолиҷаи он кадом аст?
Нишонаҳои беморӣ, ба душвории нафаскашӣ бо бинӣ, рехтани оби бинӣ, ҳиссиёти бӯи бад дар бинӣ, кам ё пурра гум шудани ҳисси бӯй мебошад. Роҳҳои табобати ин беморӣ аз раванди беморӣ вобаста буда, метавон дар марҳилаи аввал тавассути доруворӣ табобат шавад ва дар ҳолати кӯмак накардани табобати доругӣ ба тариқи ҷарроҳӣ табобат гузаронида мешавад.
-Агар ин иллатро муолиҷа накунанд, чӣ паёмадҳои ногувор дорад?
-Дар ҳоли дуруст муолиҷа накардани ин беморӣ, бемор метавонад ба оризаҳои гуногун, ба монандӣ, илтиҳоби гӯши миёна, фарингит, ларингит, бронхит, астмаи бронхиалӣ (диққи нафас), пневмония ва ғайраҳо гирифтор шавад.
-Фарқияти байни гӯшти зиёдатӣ ва каҷии миёндевори бинӣ дар чист?
Ин ду бемории алоҳида буда, аз рӯи пайдоиш, раванд, аломатҳо ва ҳатто тарзи табобат аз ҳамдигар фарқ мекунанд, ки ин ҳангоми аз тарафи духтури гӯшу гулӯ ва бинӣ моина шудан, муайян карда мешавад. Агар дар маризи якум сабаби душвории нафаскашӣ салилаҳои (гӯшти зиёдатӣ) ковкии бинӣ бошад, дар бемории дуввум сабаби душвории нафаскашӣ, каҷшавии тағояк ё устухони миёндевори бинӣ мебошад, ки бо ин ё он сабаб каҷ шудааст.
-Ин беморӣ метавонад ирсӣ бошад?
-Яке аз назарияҳои пайдоиши салилаҳои ковокии бинӣ ирсият мебошад.
-Устухони каҷшудаи биниро чӣ гуна муолиҷа мекунанд?
Каҷии миёндевори бинӣ танҳо бо роҳи ҷарроҳӣ бартараф карда мешавад. Табобати гӯшти зиёдатии роҳи нафас ва каҷии устухонҳои дохили биниро мо дар Бемористони Ибни Сино ҳам бо тарзи доругӣ ва ҳам бо тарзи ҷарроҳии эндоскопӣ, ки камзахм аст, анҷом медиҳем.
-Барои суҳбат ташаккур!
Маҳинаи Давлат
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ