Гӯшти Белорус пеши роҳи болоравии нархро мегирад?

Ширкатҳои “Комбинати гӯшти Слонимск” ва “Комбинати гӯшти Слутск” ба Тоҷикистон ба миқдори 300 тонна гӯшти гов содир хоҳанд кард.

Бино ба иттилои Корхонаи воҳиди давлатии “Истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия”-и шаҳри Душанбе, ин иқдом бо супориши Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  сурат гирифта, баҳри  таъмини бозорҳои истеъмолии шаҳр бо гӯшти баландсифату арзон ва муътадил нигоҳ доштани нархи он нигаронида шудааст.

То ҳол дар доираи шартнома бо Белорус, ки маблағаш 1 миллон долларро ташкил медиҳад, аз ин кишвар  ба пойтахти Тоҷикистон 20 тонна гӯшт ворид гардидааст.

Зимнан, тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон, воридоти чорво ва хӯроки чорво аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод гардидааст.

Дар соли ҷорӣ нархи гӯшт дар бозорҳои Тоҷикистон марҳила ба марҳила боло рафта ва ҳоло як килограмм нархи гӯшти чорвои калон ба 54-55 сомонӣ расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *