“Гӯсолаи мутлақ” устод Файзуллоҳ Ҷалолро боздошту латукӯб кард

Расонаҳои гуногуни Афғонистон аз боздошти устод Файзуллоҳ Ҷалол, устоди ҳуқуқ ва улуми сиёсии Донишгоҳи Кобул ва яке аз коршиносону таҳлилгарони нухбаи Афғонистон аз сӯйи толибон хабар медиҳанд.

Фарзанди устод Ҷалол дар фейсбук навиштааст, ки «падарам имрӯз шанбе тавассути неруҳои Аморати исломӣ ҳам лату кӯб шуд ва ҳам аз пеши мо бурда шуд».

Фарзанди устод Ҷалол аз ниҳодҳои ҳуқуқи башар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки кумак кунанд падарашон аз чанголи Толибон раҳо шавад.

Ин хабарро ҳамчунин расонаҳои муътабари Афғонистон бо шумули «Тулуънеюс», телевизиони. «1», «8 субҳ», «Омоҷ», «Иттилооти рӯз» ва ғайра нашр кардаанд

Доктор Файзуллоҳ Ҷалол, яке аз коршиносон ва мунтақидони сарсахти низомҳои қаблӣ ва кунунии Афғонистон мебошад. Ӯ чанде пеш дар як баҳси телевизионӣ дар телевизиони «Тулуънеюс» низоми толибониро сахт интиқод кард ва сухангӯйи толибон Муҳаммад Наимро гӯсолаи мутлақ хонд.

Пас аз ин нигарониҳо дар мавриди сарнавишти Файзуллоҳ Ҷалол дар Афғонистон ва берун аз он зиёд шуд.

Дар ин суҳбати ахираш доктор Ҷалол аз Толибон даъват кард, ки худро ислоҳ кунанд, вагарна бо ин сиёсату амалкардҳо Афғонистонро буҳронитар мекунанд. (Ин иттило дар саҳифаи фейсбуки рӯзноманигор Иршод Сулаймонӣ рӯи чоп омадааст.)

Файзуллоҳ Ҷалол, зодаи Дарвози Афғонистон аст, ки рисолаҳои магистриву доктории худро дар Тоҷикистон дифоъ кардааст.

Умедворем, ки бо ёрии Худованди бузург ин бор ҳам устод Ҷалол аз ин имтиҳони сарнавишт бегазанд берун биояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *