Вуруди маҳсулоти пастсифат: Чаро мутахассисону вакилон хомӯшанд?

Аз мардуми одӣ то масъулини ниҳодҳои давлатӣ хуб медонанд, ки маҳсулоти қаннодӣ, ширу шарбате, ки дар рафҳои мағозаҳо пешниҳоди истеъмолкунандагон мегарданд, дар онҳо норасоии микроэлементҳои ғизоӣ мушоҳида мегардад…

Аз мардуми одӣ то масъулини ниҳодҳои давлатӣ хуб медонанд, ки  маҳсулоти қаннодӣ, ширу шарбате, ки дар рафҳои мағозаҳо пешниҳоди истеъмолкунандагон мегарданд, дар онҳо норасоии микроэлементҳои ғизоӣ мушоҳида мегардад…  Инро “Тоҷикстандарт” — у Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони Хадамоти гумрук хуб дарк мекунанд. Аммо чаро аксуламал нишон намедиҳанд?

То чӣ андоза имрӯз сифати маҳсулоти хӯрокаи дар бозору мағозаҳо пешниҳоди истеъмолкунандагонгашта, ҷавобгӯ ба талабот аст, ҳар шаҳрванди кишварро нигарон сохтааст. Оё таркиби маҳсулоте, ки ҳамарӯза аз бозору мағозаҳо харидорӣ мекунем, аз витамину дигар аз микроэлементҳои ғизоӣ бой аст?  НЕ ва боз ҳам НЕ!!!  Инро мо муайяну мушаххас накардаем, балки коршиносону вакилони мардумӣ дар ин самт андешаву назари худро иброз кардаанд.

 Чанде пеш вакилони мардумӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда”-ро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд. Мирзомуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки атрофи ин масъалаи рӯз пешорӯи вакилони мардумӣ ҳисобот медод, иброз дошт, ки лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои камхунӣ, норасоии оҳан дар бадан, витаминҳои гурӯҳи “В”, йод ва дигар бемориҳое, ки аз норасоии микронутриенгӣ сабаби фавти бармаҳали модарону кӯдакон мегардад, мусоидат хоҳад кард. 

Ростӣ, ки аз чунин хулосарониҳои масъули ниҳоди давлатӣ кас ба  ҳайрат меафтад: То ин муддат куҷо буданд мутахассисону  вакилони мардумӣ, то садди истеҳсолу воридоти маҳсулоти хӯроквории пастсифат ва ба саломати зараровар дар кишвар гарданд?  Шигифтангез он нукта аст, ки чаро то ин муддат чунин қонун арзи ҳастӣ надошт, то дар ғанигардонии маҳсулоти хӯрока мусоидат намуда, дар ҷилавгирӣ аз воридоти маводи хӯрокаи ғайристандартӣ мусоидат намояд? Ҳарчанд атрофи сифати маҳсулоти хӯрокаи воридгаштаву дар дохили кишвар истеҳсолшуда пайваста тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар хабару гузоришҳо пахш мешуданд, аммо чун дар ин самт қонуне роҳандозӣ набуд, аз ин рӯ аз нишастану гуфтану бархостанҳо суде ба мардум нарасид.

Мусаллам аст, ки аз мардуми одӣ то масъулини ниҳодҳои давлатӣ хуб медонанд, ки  маҳсулоти қаннодӣ, ширу шарбате, ки дар рафҳои мағозаҳо пешниҳоди истеъмолкунандагон мегарданд, дар онҳо норасоии микроэлементҳои ғизоӣ мушоҳида мегардад…  Инро “Тоҷикстандарт”-у Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони Хадамоти гумрук хуб дарк мекунанд. Аммо чаро аксуламал нишон намедиҳанд? Бигузор ба ин суол мутахассисони ниҳодҳои марбута виҷдонан посух гӯянд!!!

Дар матлабҳои қаблӣ аз пастсифатии ҳар гуна маҳсулоти хӯроквории воридгашта бонги хатар зада, хулоса карда будем, ки омили гирифтор шудани мардум ба бемориҳои гуногун маҳз аз нарасидани ғизои ғанигардонидашуда аст. Ҳеҷ гоҳ ширкатҳои хориҷӣ барои мо — тоҷикон маҳсулоти тару тоза ва ҷавобгӯ ба саломатии мардумро пешкашамон намегардонанд. Теъдоде аз  соҳибкорону тоҷирони моанд, ки молу маҳсулоте ворид месозанд, арзон асту ҷавобгӯ ба кисаи дарбеҳгаштаи мардуми камбизоат аст. Мусаллам аст, ки чунин намуд аз хӯроквориҳои арзоннарх, орӣ аз ҳар гуна элементҳои ғанигардонианд, ки дар маҷмӯъ истеъмолу истифодаи чунин маҳсулоти пастсифат сабаби маргу мири чандин атфолу модарон дар Тоҷикистон гаштааст. Ҳатто созмонҳои ҷаҳонӣ низ пайваста дар маърӯзаву ҳисоботҳои худ аз нарасидани ғизои комили модару атфол дар Тоҷикистон гузориш медиҳанд.

Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда” метавон худро тасалло дод, ки минбаъд аз воридоти ҳар гуна маводи хӯрокаи пастсифат ва ба саломатӣ зараровар ба кишварамон пешгирӣ хоҳад шуд? Бале, агар ниҳодҳои назоратбарандаву муваззафшуда дар таъмини амнияти озуқавории кишвар, аз қабили Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумрук ва “Тоҷикстандарт”-у дигар ниҳодҳои дахлдор бо ҷалби мутахассисони ҳирфавӣ дасту остин барзада, сидқан фаъолият кунанд. Дар ин самт, ки татбиқу амалигардонии яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – таъмини амнияти озуқаворист, танҳо мутахассисони соҳибдонишу бовиҷдон метавонанд саҳму нақши худ гузоранд. Аммо агар масъулини ниҳодҳои зикрашон дар болорафта такя на ба мутахассисони кордон, балки пайвандону наздикони аз донишу маърифат дури худ намуда, танҳо манфиатҷӯӣ кунанд, он гоҳ сақичу қанду қандалот ва шарбату орди пастсифати чиноиву қазоқиву қирғизӣ бозору мағозаҳоямонро лаболаб пур сохта, зарба ба сиҳатии миллат мезанад.  Пас, масъулинро зарур аст муайян кунанд: барои онҳо сиҳатии мардум афзалтар аст ва ё манфиати хусусӣ?

Муҳиддин Идизода,

махсус барои “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *