«Гӯшаи амрикоӣ» дар Душанбе

Дар маркази шаҳри Душанбе маросими такмили «Гӯшаи амрикоӣ» баргузор шуд. Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Тоҷикистон, рӯзи 14 сентябр ин иқдомро омили густариши равобиту ҳамкориҳои фарҳангӣ ва забонӣ миёни Тоҷикистону Амрико донист. Миллард гуфт, «ин гӯша имкон медиҳад, ки ҷавонони касбу кори гуногун ва аз ҷумла хонанадагони мактаб ва донишҷӯёни донишгоҳҳои Душанбе бо фарҳангу забони Амрико ошно шаванд ва забони англисиро омӯзанд.»

Ҳоло ҳафт «Гӯшаи амрикоӣ» дар шаҳрҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа, Хоруғ, Хуҷанд, Ваҳдат ва шаҳри Душанбе фаъол ҳастанд. Ҷефф Райденаур, масъули «Гӯшаҳои амрикоӣ» дар Тоҷикистон гуфт, ки ин гӯшаҳо пуле миёни мардуми тоҷику амрикоӣ ҳастанд. «Танҳо дар “Гӯшаи амрикоӣ”-е, ки рӯзи чоршанбе дар шаҳри Душанбе дубора ифтитоҳ шуд, солона 3 ҳазор нафар фаро гирифта шудаанд», — афзуд ӯ.

Ин гӯша, дар паҳлӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон воқеъ аст. Дар гузашта он дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, дар маркази шаҳри Душанбе макон дошт. Дар “Гушаи амрикоӣ” дастгоҳи нусхабардории 3D насб гардид, ки дар пойтахти Тоҷикистон ин гуна дастгоҳ дуто будааст.

Нахустин “Гӯшаи амрикоӣ” дар Тоҷикистон соли 2008 ифтитоҳ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *