Гӯшти харро гов гуфта фурӯшанд, чӣ гуноҳ мегирад?

Вақтҳои охир дар бораи ошхонаҳое, ки ба мардум аз гӯшти хару саг таом пухта медиҳанд, тез-тез ҳар хел овозаҳои гӯшхарош паҳн мешаванд. Барои шахсоне, ки ба ҷои гӯшти гов гӯшти харро мефурӯшанд, чӣ ҷазо муайян шудааст?

Орифҷон, ш. Хуҷанд.

Ҷавоб:-Ин гуноҳи азим аст. Шахсе, ки ба чунин кори ҳаром даст мезанад, на танҳо дар ин дунё ба мушкилиҳо дучор гашта, файзу баракати зиндагиаш мепарад, балки дар охират низ ба азобҳои сангин мубтало мегардад. Одамон, вақте дар зиндагӣ ба балоҳо дучор мешаванд, фикр намекунанд, ки чӣ гуноҳи азиме назди Худованд кардаанд, вале ҳар кори мо, инсонҳо ҷавобу саволу подоше дорад. Корҳои ҳарому зишт ғазаби Худовандро меоранд ва гунаҳкорро ба ҳар хел балоҳо рӯ ба рӯ месозад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *