«G5+1» дар Ню-Йорк
Иштироки вазирони хориҷии Осиёи Марказӣ, Амрико ва интиқоди Лавров
19 январ дар шаҳри Ню-Йорк нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар чорчӯби «G5+1» баргузор шуд. Тоҷикистонро дар ин нишаст вазири хориҷӣ Сироҷиддин Аслов намояндагӣ кард. Нишасти навбатии «G5+1» дар ҳолест, ки мавҷудияти ин ҳамоҳангӣ аз ҷониби Русия ба интиқоди шадид дучор гардид.
«G5+1» дар Ню-Йорк
Бино ба иттилое, ки сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон нашр кард, дар ин нишаст Ҷон Салливан, муовини вазири корҳои хориҷии ИМА, Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон , Ғайрат Абдураҳмонов, вазири корҳои хориҷии Қазоқистон, Эрлан Абдилдаев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон, Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ойсултон Атоев, намояндаи доимии Туркманистон дар Созмони Милали Муттаҳид ширкат кардаанд.
Гуфта мешавад, ки намояндагони баландпояи Осиёи Марказӣ ва Амрико дар нишасти навбатӣ дар бораи дурнамои рушди ҳамкориҳои чандҷониба дар ришатҳои мухталиф, иҷрои барномаҳои муштарак бо ҳадафи таҳкими ҳамкориҳо табодули назар карданд. Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои доғи марбут ба таҳкими амнияти минтақа ва муқобила бо чолишҳо ва таҳдидҳои муосирро баррасӣ кардаанд.
Соҳиби минтақа кист?
Тафсилоти дигари нишасти «G5+1» ва тавофуқоти дар он бадастомада ҳанӯз расонаӣ нашудааст. Аммо коршиносон муътақиданд, ки зери пардаи ин нишаст интиқоди С. Лавров аз ҳамкории Осиёи Миёна бо Амрико ва ба ин васила нишон додани таваҷҷуҳи ИМА ба панҷгонаи Осиёи Марказист. Зеро ахиран вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ҳушдор дод, ки Вашингтон набояд аз ҳамкориаш бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи гурӯҳи «G5+1», ки Амрико ва 5 кишвари ин минтақаи пасошӯравӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро муттаҳид мекунад, суиистифода намояд. Ба ин далел, на рӯшод, балки пинҳонӣ соҳиби минтақа кӣ буданро Лавров ба Қасри Сафед гӯшрас кардан хост.
Ӯ гуфт: “Мо ба ин ки ҳамсояҳои мо дар Осиёи Марказӣ шумори ҳадалимкон васеи шарикони хориҷиро дошта бошанд, ягон эрод надорем. Мо ба ин, такя мекунем, ки ин муносибатҳо бо арҷу эҳтироми тамоми тааҳҳудоте, ки байни мо вуҷуд доранд, амалӣ мешаванд. Вале ба мо дар бораи азми Амрико ҷиҳати суйистифода аз ин чорчӯба ва ташвиқи ақидаҳое, ки ҳанӯз дар замони маъмуриятҳои қаблӣ тарҳи Осиёи Марказии Бузург ном бурда мешуд, хабарҳо мерасанд. Мутмаинам, ки агар чунин фикрҳо аз ҷониби ҳамкорони амрикоии мо дар мулоқотҳо бо дӯстони мо аз Осиёи Марказӣ матраҳ шаванд, ҳама ноқисии чунин кӯшишҳоро, ки заминаашон на манфиатҳои рушди иқтисодӣ, балки геополитика аст, хоҳанд дид.”
Сергей Лавров аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки Амрико ва соири кишварҳои Ғарб тарҳи Осиёи Марказии Бузургро бидуни ширкати Русия роҳандозӣ мекунад.
Роҳбари идораи дипломатии Русия тарҳи АвроОсиёи Бузургро, ки Маскав пеш мебарад, як алтернативаи мусбат ба тарҳи Осиёи Марказии Бузург номид. Ба ақидаи ӯ, назар ба тарҳи Амрико тарҳи Маскав пешрафти пай дар пай ва шаффофи равандҳои интегратсиониро дар назар дошта,»дар ниҳоят имкон медиҳанд, ки тамоми қитъаи АвроОсиё бо ҳам муттаҳид гашта, онро барои ҳамроҳ шудани шарикони дигар боз гардонад.”
Афғонистон дар Шӯрои амният
Гуфта мешавад, ки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар нишасти навбатии «G5+1» ва иҷлосияи бештар вазъи Афғонистон, таъсири он ба минтақа ва масоили бозсозии онро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ин масъала, ҳамчунин дар иҷлосияи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, ки дар Ню-Йорк баргузор гардид, мавриди муҳокима қарор гирифт. Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ки Тоҷикистонро дар ин нишастҳо намояндагӣ мекард, дар ҳошияи иҷлосия бо Дабири кулли ин СММ Антониу Гутерриш мулоқот кард.
Антониу Гутерриш рӯзи 19 январ дар иҷлосияи Шӯрои амният гуфт, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд дар бозсозии Афғонистон нақши калидӣ бозанд ва барои ин кишвари ҷангзада ҳамчун як намунаи ибрат хидмат кунанд. Гутерриш, аз ҷумла Тоҷикистонро мисол овард: «Дар даҳсолаҳои охир Осиёи Марказӣ аз нигоҳи рушди устувор ба натиҷаҳои назаррас ноил шуд. Барои мисол, дар Тоҷикистон сатҳи фақр беш аз ду маротиба коҳиш ёфтааст. Соли 2003 дар ин кишвар 81 дарсади аҳолӣ зери хатти фақр қарор дошт, вале дар соли 2015 ин рақам то 31 дарсад поин омад. Вале кишварҳои ин минтақа, ки ҳеҷ кадомаш роҳи баромадан ба баҳру уқёнусро надорад, наметавонанд ба танҳоӣ тамоми зарфиятҳои худро бикушоянд ва истифода баранд.”
«G5+1» чист?
Гурӯҳи «G5+1» ҳамоҳангии ҷадиди ҳамкории ИМА бо кишварҳои Осиёи Марказист. Ин гурӯҳ моҳи сентябри соли 2015 дар нахустин иҷлосияи муштараки вазирони хориҷаи Амрико ва 5 кишвари ин минтақа дар ҳошияи анҷумани СММ дар Ню-Йорк таъсис ёфт. Нахустин нишасти расмии “G5+1” моҳи ноябри соли 2015 дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон доир шуд. Вазири корҳои хориҷии Амрико Ҷон Керри дар он рӯзҳо аз ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ боздид кард.
Баъдан, вазирони хориҷии Амрико ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чорчӯбаи гурӯҳи “G5+1” моҳи августи соли 2016 дар Вашингтон ва моҳи декабри ҳамон сол дар Гамбурги Олмон дидору мулоқот доштанд. Ҳоло ин гурӯҳ асосан дар панҷ самти асосӣ ҳамкории худро ба роҳ мондаанд:
- Мубориза бо терроризм;
- Беҳбудии рақобати тиҷоратӣ дар Осиёи Марказӣ;
- Рушди коридорҳои нақлиётӣ;
- Тавлиди неру барои оянда;
- Пуштибонӣ аз барномаҳои миллии ҳифзи муҳити зист.
«G5+1» як чорчӯби нави муколама ва майдони талошҳои муштарак барои расидагӣ ба чолишҳои умумиест, ки Амрико ва 5 кишвари Осиёи Марказӣ рӯ ба рӯ шудаанд.”- омадааст дар муаррифиномаи гурӯҳ.
Одили Нозир,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ