Гаҳворабандони 5000 сомона дар Нуробод

Суди  ноҳияи Нуробод сокини ҷамоати Комсомолобод Мавлон Таибовро барои «бодабдаба” гузарондани маъракаи гаҳворабандони наберааш 5000 сомонӣ ҷарима баст.

Судя Мадина Камолзода гуфт, Мавлон Таибов бар хилофи қонуни танзим ин маъракаро бо иштироки меҳмонони зиёд гузаронда, бо сарфи 2000 сомонӣ ба мардум ду таом додааст.

Мадина Камолзода, судяи суди ноҳияи Нуробод ба хабаргузории давлатии «Ховар” гуфтааст, ки додгоҳ сокини ҷамоати Комсомолобод Мавлон Таибовро бар асоси моддаи 481-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон барои маъракаи гаҳворабандони наберааш ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё 5000 сомонӣ ҷарима баст. Мадина Камолзода гуфт, Мавлон Таибов бар хилофи қонуни танзим «ин маъракаро бо иштироки васеи ҳамсояҳою меҳмонони зиёд ва бо додани ду таом гузаронидааст.”

Бар асоси моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар поёни моҳи август қабул шуд, маъракаи гаҳворабандон бояд дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон баргузор карда шавад.

Мадина Камолзода ба «Ховар” гуфтааст, Мавлон Таибов соҳиби 10 фарзанд аст ва ҷое кор намекунаду сатҳи зиндагиаш паст аст ва ҳатто як наберааш бемор ҳам буд: «Вале ба ҳамаи ин мушкилоти зиндагӣ нигоҳ накарда, ӯ бо сарфи зиёда аз ду ҳазор сомонӣ маъракаи гаҳворабандонро бодабдаба гузаронидааст.”

Қонуни танзими ҷашну маъракаҳо дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2007 қабул шуда, дар роҳи баргузории маъракаҳои тӯю азои мардум маҳдудиятҳои зиёд ҷорӣ карда буд. Моҳи августи соли ҷорӣ ба ин қонун тағйироти наве ворид карданд, ки танзими ҷашну маросимҳоро боз ҳам шадидтар ва баргузории бархе маъракаҳоро комилан манъ ва бархеаш сахт маҳдуд мекунад.

Мувофиқи тағйиру иловаҳои воридгардида дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон оростани дастурхони маънавӣ ва хоксорона, роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ, дар доираи оила бе хизматрасонии санъаткорон гузаронидани хатнасур, бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми пас аз таваллуд дар муассисаҳои тиббӣ ба таври ройгон анҷом додани хатна пешбинӣ гардидааст.

Гузаронидани маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирон ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон иҷозат дода мешавад. Гузаронидани маъракаи ақиқа, ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтоз (роҳбандон) ва ҳоҷизиёрат манъ карда шудааст.

Ҳамчунин маросими дафн ва азодорӣ, аз ҷумла маросими «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешавад.

Тағйиротҳои назаррас ба моддаи 14 Қонун, ки тартиби баргузории ҷашну маросимро ба танзим медарорад, пешниҳод гардидаанд. Дар он дар асоси шартнома расонидани хизматрасониҳо пешбинӣ гардида, маъмурияти қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо, тарабхона ва тӯйхонаҳо дар баробари соҳибони маърака барои шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории тую маъракаҳо масъул мебошанд.

Мувофиқи тағйироти дохилгардида тӯю маросим дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8-00 то соати 22-00 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18-00 то соати 22-00, дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рӯзҳои истироҳат аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6-00 то соати 22-00, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8-00 то соати 22-00 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18-00 то соати 22-00 гузаронида мешаванд. Давомнокии тӯю маросим то се соат муқаррар карда шудааст.

Ҳамзамон шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадор карда мешаванд, ки ба рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва сару либоси миллӣ эҳтиром гузошта, онҳоро аз таъсирҳои манфии замони муосир ҳифз намоянд.

Ба Қонун меъёри нав пешниҳод гардидааст, ки мувофиқи он аъзои Ҳукумат, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз, гумрук ва хизматчиёни ҳарбӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд.

Дар баробари ин мувофиқи тағйиру иловаҳои ба моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, ҷавобгарии шахсони алоҳида барои вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пурзӯр карда шуда, андозаи ҷарима нисбати шахсони мансабдор аз 12500 сомонӣ то 25 ҳазор сомонӣ ва нисбати шахсони ҳуқуқӣ аз 25 ҳазор то 35 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шудааст.

Ба соҳибкорони инфиродӣ, ходимон ва уламои дин барои содир намудани ҳамин кирдор 35 ҳазор сомонй ҷарима муқаррар карда шудааст.

Барои дағалона ё такроран вайрон намудани тартиби гузаронидани анъана ва ҷашну маросимҳо ҷавобгарӣ муқаррар карда шуд, ки мувофиқи он ба шахсони воқеӣ ба андозаи 30 ҳазор сомонӣ, ба шахсони мансабдор ба андозаи 40 ҳазор сомонӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ 50 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *