Гадоев ғоибона ҳукм гирифтааст

Генерал Файзулло Гадоев, сардори пешини раёсати мубориза зидди маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳанӯз таҳти ҷустуҷӯи байналмилалист.

Мақомот аз кишварҳои хориҷӣ дархост кардаанд, ки дар сурати дастгир кардани Гадоев ӯро ба Душанбе таслим кунанд. Файзулло Гадоев бар асоси панҷ моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, пулшӯӣ, сӯиистифода аз мансаб ва ришватгирӣ айбдор ва ғоибона ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст. Ҳукми ӯро Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 15-уми октябри имсол ғоибона содир кард.Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гуфтааст,ки  «ӯро ғоибона маҳкум карданд, чун қонун иҷозат медиҳад. Аммо кофтукобаш ҳанӯз идома дорад.»Бино ба иттилои кӯтоҳе, ки мақомот расман нашр карданд, ҳамаи амволи Файзулло Гадоев ба нафъи давлат мусодира мегардад. Ҳамзамон Гадоевро аз рутбаи “генерал-майори милиса” ва “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҳрум карда, бо фармони вазири умури дохилӣ ҳамаи медал ва нишонҳои сарисинагии ӯро аз эътибор соқит донистанд. Файзулло Гадоев соли 1959 дар ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарёи Узбекистон таваллуд шуда, аз соли 2002 то 2007 сардори раёсати мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон буд. Соли 2007 бо «сабаби ба кори дигар гузаштан» аз мақом озод шуд. Дар сомонаи расмии идораи муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия Файзулло Гадоев  солҳои ҳаштодум Донишгоҳи миллӣ ва сипас дар соли 2005 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ забонҳои тоҷикиву русӣ, узбекӣ ва арабиро медонад ва давраҳои омодагии касбиро дар Туркияву Олмон, Лаҳистон, Маҷористон ва Амрико гузаштааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *