Гадобизнес ё мушоҳидаҳои Раҷаби Мирзо

Борҳошунидаемки «талбандаҳо» ба худ «крыша» доранду маҳз барои онҳо кормекунандҲоло ман ҳам интизор дорам, ки ин ду бонуро дар кӯча бо мошин мунтазиранд… Аз қафояшон мепоям. Онҳо ба он сӯи кӯча (роҳи пеши Кумитаи андоз) мегузаранд. Наздашон мошинҳои зиёде қарор мекунад, Шояд гумон мекунанд духтари сабукпоанд. Вале онҳо ба троллейбусе нишаста мераванд….

Раҷаби МИРЗО,

Бознашр аз гурӯҳи Ахбор барои афкор дар Фейсбук

Чанд вақти охир аз рӯи тавсияи табибон бештар пиёда қадам мезанам. Хоса бегоҳиҳо пас аз анҷоми кор оҳиста қадам задан на танҳо кайфиятовару барои саломатӣ муҳим будааст, балки мушоҳидаҳоеро ҳам хоҳед намуд, ки шояд вақти шитоб сарфи назар мекунед…

Дина бегоҳ ҳам вақте пои пиёда ба чорроҳаи маҳаллаи маьруф ба Якум Совет расидам, дар истгоҳи чорроҳа духтараки ба сину сол 25 -28 солаеро вохӯрдам, ки дар истгоҳ нишаставу пул ҳисоб мекард. Соат тақрибан 19.15- 19.30 аст. Ин корро онгуна анҷом медод, ки мегуфтӣ аз касе тарс дорад ва ҳаросон ҳар замон атрофро назар мекунад. Бо баҳонаи сигор кашидан сумкаи дастамро болои нишастгоҳи истгоҳ мондаму ҳамзамон телефонро ба гӯшам мондам, гӯе бо касе сӯҳбат дораму ба ӯ таваҷҷуҳе надорам. Дар асл, фикр мекардам ин духтар ин пулҳоро ё аз ҷое дуздидаву ҳоло онҳоро ҳисоб дорад. Аммо аз симояш ба дузд монанд набуд. Духтари зебое ҳам ҳаст ва либосҳои хубе низ ба тан дорад. Бештар мутаваҷҷеҳ мешавам ва дар рӯшноии аз мошинҳо бадаршуда ба хубӣ дида мешуд, ки аксари пулҳои дасташ яксомонаву сесомонаанд. Ногоҳ таваҷҷуҳи хоси ин бонуи зеборо ба духтараки дигаре эҳсос мекунам, ки дар он паҳлӯи роҳ ба талбандагӣ аз мошинҳо машғул аст. Оре, ин духтаракро, ки дар дасташ кӯдаки хурдеро ҳам дорад, ҳар бегоҳ дар ҳамон чорроҳа қариб ҳамарӯза медидам, ки аз мошинҳои дар светофор истода металбад. Фикр мекардам кадом бонуе ҳаст, ки зиндагии мушкил ва ё ягон беморӣ ӯро ба ин роҳ бурда….
Духтараки зебову фохирапӯш нохост таваҷҷуҳи маро эҳсос мекунаду аз ҷо баланд мешавад. Шояд ӯ маро ягон дузд пиндошт)) ё ягон фикри дигаре ба сараш омад?
Барои эҳтиёт дуртар меравам. Ӯ ҳам ба он паҳлӯи роҳ мегузарад ва ба духтараки талбанда чизе гуфта, дуртар аз ӯ канори роҳ қарор мегирад. Аз байн 15-20 дақиқа мегузарад. Шумораи мошинҳо, ки ба талбанда аслан онҳо пул медоданд, камтар мешавад. Талбанда низ «корашро» хатм мекунаду канори роҳ пеши он духтараки фохирапӯш меравад. Кӯдакро ба ӯ месупорад ва ҳарду ҷониби маркази савдои «Сомониён» раҳсипор мешаванд. Фикр кардам, ки шояд харид мекунанд. Аз байн хеле мегузарад. Ногоҳ дар сарам фикре пайдо мешавад, ки бидонам то онҳо чӣ харид мекунанд ва чаро аз маркази савдо, ки нархаш чандон арзон нест?
Бо ин мақсад ба «Сомониён» (маьруф ба казинои Саидшо) ворид мегардам ва лаҳзаи ҷолиберо шоҳид мешавам. Ин ду бону он ҷо қарор доштанду пули бисёри майдаи онҳоро духтараки фурӯшандаи маркази савдо ҳисоб мекунад. Баьдтар маьлум шуд, ки онҳоро бо пули калон иваз мекардааст. Ин ду бону пулҳоро гирифтаву аз «Сомониён» бадар мешаванд, аммо маьлум аст, ки ки онҳо ин » амалиет»- ро борҳо анҷом додаанд…
Мушоҳидаи ман ҳамоно идома дорад. Зеро борҳо шунидаем, ки «талбандаҳо» ба худ «крыша» доранду маҳз барои онҳо кор мекунанд. Ҳоло ман ҳам интизор дорам, ки ин ду бонуро дар кӯча бо мошин мунтазиранд…
Аз қафояшон мепоям. Онҳо ба он сӯи кӯча (роҳи пеши Кумитаи андоз) мегузаранд. Наздашон мошинҳои зиёде қарор мекунад, (чун гуфтем, якеаш духтари зебое ҳаст). Шояд гумон мекунанд духтари сабукпоанд. Вале онҳо ба троллейбусе нишаста мераванд….
Онҳо рафтанд, аммо ман ба суолҳои худ посух намеёбам: оё онҳо дар ҳақиқат ниёзманданд? Пас либосҳои фохираи он духтари «нигоҳбон», ки зери хильати зарде пинҳон буд, аз чӣ мегӯяд? Агар маккораву сабукпоанд, чаро ба троллейбус нишастанд, на мошинҳои гаронарзиши наздашон қароргирифта? Чаро пулҳоро калон карданд ва маҳз дар «Сомониён»?…..

Чанд аксе ҳам аз ин ҷараён бардоштам, ки дар торикӣ ва ноқулаӣ хуб набаромад…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *