«Ганҷи Наврӯзӣ» дар Наврӯзгоҳи Душанбе баргузор мегардад

Пагоҳ, 22 марти соли 2019, соати 18:00, дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт ба ифтихори ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ таҳти унвони «Ганҷи наврӯзӣ» намоиши театрикунонидашуда баргузор мешавад.

Пагоҳ, 22 марти соли 2019, соати 18:00, дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт ба ифтихори ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ таҳти унвони «Ганҷи наврӯзӣ» намоиши театрикунонидашуда баргузор мешавад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар барномаи ҷолиби консертӣ ҳунарпешагони ансамблҳои «Лола», «Зебо», «Гулрез», «Ситора», «Ҷаҳоноро», «Парасту», «Дарё», «Новая Эра», ансамбли фолклорӣ- этнографии «Хутал»-и вилояти Хатлон, Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, ҳунарпешагони ансамбли «Фалак» — и шаҳри Кўлоб, ҳунарпешагони бахши Раёсати фарҳанги ВМКБ, ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобов, ансамбли «Славяне»-и Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, ансамбли эстрадии «Ориё» ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ҳамчунин дар ин барнома барандаи ҷоизаи озмунҳои байналмилалӣ Даниэл Рустамов бо ҳунарнамоии худ табъи тамошобинонро хуш мегардонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *