Ганҷи профессор Юнусов

Рози дил мегуфтам, ар як марҳаме медоштам,

Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам.

 

Садриддин Айнӣ                  

  Баъди Сесияи  16-уми Тақдирсоз, ки соли 1991 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид ва Муҳтарам Эмом Алии Раҳмон раиси Шурои Олӣ интихоб гардиданд, аз лаҳазоти аввалини ин таҳаввулот, Олими шинохтаи халқи Тоҷик,Таърихнигор, Профессори эътирофгардидаи се давлат ( Тоҷикистон, Қазоқистон Россия) устоди арҷманди ДДКӯлоб марди корозмӯдаву пири хирад, Юнусов Сайидаҳтам Сайидалиевич нисбати Ҷаноби Олӣ аввалин бор назария (идея)-и мартабаи «Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мӯҳтарам Эмом Алиӣ Раҳмон»-ро сазовор дониста дар ҳар як Конференсияву баромадҳояшон ин каломи неку гувороро такрор ба такрор мегуфтанд, чун ки ӯ Профессори таърихнигор аст ва номи мубораки Ҷаноби Олӣ низ дар таърихи башарият баъд аз 1000 соли сулолаи Сомониён абадӣ боқи хоҳад монд. Исмҳои хоси Ҷаноби Олӣ ҳамчун «Эмом Алӣ» аз тамаддуни Араб ба мо ворид гардида, бо забони Инглисӣ, «Гранд Лидер», ба Руси, «Великий Вождь» ва ба забони модариамон, маънои «Пешвои Бузург» гуфтанро дорад, ки бо амри Сарнавишт ба мо насибу рӯзи гардидааст. «Раҳмон» низ яке аз 99 исми сифотии Худованд буда, аз забони Арабӣ ба мо ворид гардидааст ва ба лафзи мо маънои «Бахшандаву Сахи»-ро дорад,ки ин ҳам бо амри Сарнавишт ба мо насибу рӯзи гардидааст. Мардумони Ҳинду Покистон, Афғонистону Эрону Арабистон гумон мекунанд, ки исмҳои Ҷаноби Олӣ, ки Эмом Алии Раҳмон мебошанд, исмҳои «интихоби»-ву исмҳои «сифоти»-анд, амсоли Ҷавоҳирлал Неҳруву Оятулло Ҳумоюниву Маҳмуд Аҳмади Наҷоту Ленину Сталину ва ғайраҳо. Вале бо амри тақдир номҳои аслии ин ҳадяи Яздонӣ дар асл чунин аст, ки ҳамагон медонем.   Дар ҳамаи мамолики рӯи олам амсоли Либиёву Суриёву Ироқу Яману дигару дигар давлатҳое, ки ба қадри илму олимон намерасанд, он давлатҳо рӯи баракатро намебинанд. Дар аксари давлатҳо бузургони оламро баъд аз вафоташон азизу гироми медоранд, ки ин амал барои худи он олиме, ки заҳмат кашида илм омӯхтааст ва барои башарият назария-теорияҳои илми эҷод намудаасту дастурамали рӯзгори мардумон гардидаанд, суде надорад, амсоли Рӯдакиву Берунӣ, Фирдавсиву Хайём ва дигару дигар, чуноне, ки Хайёми Ҳаким гуфтааст:

  То занн(гумон) набари, ки аз ҷаҳон метарсам,                            В-аз мурдану аз рафтани ҷон метарсам.

Мурдан чу ҳақиқат аст, аз он бокам нест,  

  Чун нек назистаам, аз он метарсам.

     Дар як нишаст бо шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ ва сарояндаи шинохтаи ҷумҳурӣ Афзалшоҳи Шодӣ сӯҳбате доштем ва ин алломаи давру замон бо сӯзу гудоз мегуфт! Расми деринаи тамоми башарият ҳамин аст, ки олимону шоиронро баъд аз вафоташон қадр мекунанд, ки ин қадршиносӣ барои шахсияти худи он шоир ва ё олим суде надорад ва ӯстод Лоиқ асари вопасинашро низ таҳти унвони «Фарёди бе фарёдрас» ба ёдгор  гузоштааст. ӯ дар як шеъраш мегӯяд:

  Медавам дар кӯчаҳои зиндагӣ,  

Рӯзу шабҳо аз қафои зиндаги. 

Ганҷ  меёбам ба сад ранҷу алам,                                                   Мефишонам пеши пойи зиндаги.

То намирад зиндаги рӯзе чу ман,

Рӯзе мемирам барои зиндаги.                                                      Гӯё

Лоиқ Шерали бо ҳазорон ормон аз олам гузашта бошад. Мафҳуми калимаи «зиндагӣ», худ болои «зин» будану давру даврон рондан аст. Чун умр, ки маънои «омор»-ро дорад ба поён расиду «ҷон» ба ҷои аввалааш баргашт, ҷисми одамиро ҳаволаи «мур» месозанд. Одамӣ дар «зиндагӣ» ба дастгирии якдигар эҳтиёҷ дорад, то ки болои «зин» бошаду, «давр» биронад. Сарояндаи мумтози давр Ҷӯрабек Муродов, мудом бо тариқи радио ва телевизион мисраеро зам-зама мекунад, ки матлааш ин аст: «Одам» ба одам зинда аст, эй «Одамон», эй «Одамон». Ҳар як фарди ҷомеа, фарзандони миллату давлатанд, хоса олимон, ки фарзандони фарзонаи миллат ба шумор мераванд. Мафҳуми «Фар-занд» калимаи Авастои буда, «Фар», маънои «равшанои»-ро дораду «Занд», маънои «мақсаду мафҳум»-и зиндагиро дорад, чуноне, ки Фирдавсии Ҳаким аз забони Шоҳ Қубод, падари Анушервони Одил мегӯяд:

Фарҳангиён дод «Фарзанд»-ро,                                                    Ҳамон Подшоҳи барумандро.                                                           Ҳама кори Ирону Тӯрон бисохт,                                                           Ба гардун кулоҳи меҳи барфарохт.  

Тақдири талхи аксари олимону нависандагони классику муосирро мардумони бофарҳангу худогоҳ ба хуби медонанд ва ин муомилот барои шахсиятҳои бофарҳангу худшиноси ҷумҳурии соҳибистиқлолу тозабунёдамон дарси ибрат аст. Умри одамӣ ҳамчун барқ дар гузару авқоти зиндагӣ нопойдор аст. Олимонро қадр намудан, қадр намудани илму маърифат аст, чуноне, ки ҳаким Фирдавсии Тӯси мегӯяд:

 Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,       

  Шавад тира аз бехирад рӯзгор.   

    Ҳаёт дар асоси чор аносир пойдор аст, амсоли обу хоку оташу бод. Дар рӯзгори инсонӣ олимон ба манзалаи бод, яъне ҳавоянд, ки ҳамаи ҷонзоди зиндаро лаҳзае аз ҳаво нафас гирифтан, чора нест. Барои аҳли зиё маълум аст, ки адиб Фирдавсии Тӯси низ баъди аз байн рафтани сулолаи Сомониён ҳаёти фақиронае ба сар бурдааст, гарчанде, ки ашрофзода (аристократ) буд. Дар ҳоле, ки «Шоҳ-нома» маънои «Ҷон-нома» ва ё «Номаи Ҷон» гуфтанро дорад. Ҳокимони дарбори Ғазнавиён ба дарку фаҳми ин гуфтори орифона намерафтанд  ва диндорони мутаассиб ӯро кофир эълон намуда, баъди вафоташ ҷасадашро дар гӯристони умум иҷозаи дафн намуданро надоданд, ки ин зарба ба тамаддуни Паҳлавиёни номдор буд. Фирдавсиро дар боғи бунёднамудаи худи ӯ ба хок супориданд, дар ҳоле, ки ӯ ҳастии Худованди якторо эътироф мекард ва дар ҷое гуфтааст:

   Надеҳ риштаи тоъати Ҳақ зи даст,

   Худованд»-ро бандаги кун, ки ҳаст.     

  Сари подшоҳони гарданфароз,      

  Ба даргоҳи «ӯ» бар замини ниёз.

Яке аз ин олимону донишмандони давр, омӯзгор, ва профессори фани таърих ва ҳуқуқи ҶТ, Юнусов Сайдаҳтам Сайдалиевичи 71 сола мебошад. ӯ 20 июли соли 1947 дар деҳаи Дараи Оби ноҳияи Шурообод дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. ӯ ҳамчун паёмбари Ислом (д) ятими кулл ба воя расидааст. Табиати инсонӣ дар синни дусолаги ӯро аз модару дар сини сесолагӣ аз падар маҳрум намудааст ва хешу ақрабонаш ӯро ба интернати Коммунизми ноҳияи Шурообод ба таҳсил додаанд. Агар ӯ писари нозпарварди хонадоне мебуд, аз имкон берун нест, ки ин қадар илм намеомӯхт. Бо тақозои замона ӯ ҳамаи зинаҳои рӯзгор ,амсоли маълумоти миёнаву хизмати аскарӣ ва хатмкардаи факултаи таърихи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хӯҷанд (с.1968) мебошад. ӯ, аз соли 1970 то соли 1974 котиби ташкилоти комсомолии ДДК-ро ба уҳда дошт. Соли 1974 ба аспирантураи факултаи таърихи донишкадаи омӯзгории Ленинград, ҳозира Санкт Петербург ба номи А.И.Гертсен дохил шуда, 16 феврали соли 1978 дар мавзӯи «Саноъат ва синфи коргари Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузӯргӣ Ватанӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст. Бояд қайд намуд, ки ӯ аввалин фарзанди миллати Тоҷик аст, ки ин донишкадаро хатм намудааст. Бо шарофияти ин Тоҷикписар дар ин донишгоҳ фарзандони фарзонаи ин Миллати куҳанфарҳангро шинохтанд. Аз соли 1987 то соли 1990 котиби бюрои партиявии ДДКулобро ба уҳда дошт. Омӯзгор ягона шахсест, ки тафаккури инсонро ташаккул дода, одамиро ба қуллаҳои баланди инсони мерасонад, чуноне, ки Мавлонои Балхи гуфтааст:

  Ҳазорасола раҳ аст, аз ту то мусулмонӣ.  

  Ҳазор соли дигар то ба ҳадди инсонӣ. 

        Хушбахтиву ҳосили омӯзгор, шогирдони ба камол расонидаи ӯ мебошанд. Бо дастуру ҳидоятҳои ин устоди забардаст 25 нафар шогирдонаш ба унвонҳои доктори илмҳо ва профессорӣ мушарраф гардидаанд ва ба чунин омӯзгорон офарин бояд хонд. ӯ, аслан  олими соҳаи таърих аст, ва донандаву фақеҳи гузаштаи ҷамъияти инсонӣ, муаррихонанд. Аз соли 1991 баъди он ки Тоҷикистон, соҳибистиқлол гардид ва дар сесияи 16-уми Шурои Олии ҶТ Эмом Алии Раҳмон раиси Шурои Олӣ интихоб гардиданд, ин марди наҷиб ҳамчун тарғиботчиву ташвиқотчии суханрониву дастуру ҳидоятҳои муҳтарам Ҷаноби Олӣ то ба имрӯз мебошад. Азбаски ӯ таърихчии  худогоҳ аст, аз рӯзҳои нахуст аниқтараш аз 19 уми ноябри соли 1992 баъди сесияи «тақдирсоз»  дар ҳар маҷлисҳову вохуриҳо бо зиёиёни кишвару донишҷӯён, мӯҳтарам Ҷаноби Олиро «Асосгузори сулҳу вҳдати миллӣ-Пешвои Миллат» гуфта, дар 15 пункт бо далелҳои мӯътамад исбот менамуд, ки ин марди Шариф дар ҳақиқат Пешвои воқеии Миллати Тоҷик ва Тоҷикони ҷаҳон мебошад. Ҳамкорону наздикон, балки донишҷӯён  аз рӯи лутфу меҳрубони ва ҳазл « Асосгузори Сулҳу Ваҳдат, Пешвои Миллат» гӯён ӯро ёдрас менамуданд, ки ин ҳақиқати таърихӣ исботи худро ёфт. Ин мартабаи интихобнамудаи устод Юнусов Сайдаҳтам, 9-уми декабри соли 2015 дар иҷлосияи намояндагони Шурои Олӣ ва Маҷлиси Миллӣ аз 18 декабри соли 2015 ин назария,(идея)-и устоди таърихнигор, ки ӯ мунтазаму самимона «Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ – Пешвои Миллат» мегуфт,ба ҳукми қонунии ҶТ ворид гардид. Дар адабиётҳои қадима омадааст, ки: Олимон, ворисони паёмбаронанд, ки ин ҳақиқат дорад. Паёмбарон дар ҳама ҷо буда наметавонанд ва олимонанд, ки дастуру ҳидоятҳои Паёмбаронро ба мардумон мерасонанд, чуноне, ки Амир Хусрави Деҳлави мегӯяд:

Ба танҳо набошад касе сарфароз,                                                     Сар он шуд, ки гардад раъиятнавоз.

Устод, Юнусов Сайдаҳтам ҳамчун тарғиботчии бомаҳорат, донандаи таърихи башарият ва устоди сухан аз соли 1992 то ба имрӯз оиди паёмҳои Пешвои миллат муҳтарам Ҷаноби Олӣ, дар 19 вохури бо аҳли «зиёи кишвар» дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, дастовардҳои даврони Истиқлолиятро дар байни донишҷӯёну омӯзгорони шаҳру вилояти Хотлон бо санъати зебои суханронӣ (амсоли Левитан) асоснок намуда, хизматҳои таърихӣ-байналмиллалии фарзанди фарзонаи миллати Тоҷикро ба самъи аҳли ҷомеъа  мунтазам мерасонад. Танҳо ба пешвози 19 солагии Ваҳдати миллӣ, 25 солагии истиқлолияти ҶТ,24 солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ, ҳамчун «Иҷлосияи тақдирсоз» зиёда аз 50 баромади таърихӣ дар 30 хоҷагии води Кӯлобу Данғара намудааст. Дар мавзӯи паёмҳои солонаи Ҷаноби Олӣ, ӯстод Юнусов. С.  зиёда аз 30 гуфторҳои пурмуҳтаво тариқи телевизиони Ҷумҳуриявию вилоятиву шаҳрӣ анҷом додаст. Чун дастуру ҳидоятҳои содиқонаи муҳтарам Президенти кишварро ба мардумон аз рӯи илму маърифат баён менамояд, яке аз сабабҳои гулгулшукуфии Ватани азизамонро низ ман дар шахсияти  устодони закӣ амсоли Юнусов Сайдаҳтам мебинам. Хизматҳои арзандаи ин устоди забардаст бо ифтихорномаҳову нишонаҳои «Аълочии маъорифи ҶТ, (соли 1981), аълочии макотиби собиқ иттиҳоди шӯравӣ, медали ҷашнии 2700- солагии Кӯлоби бостони (2006) Ифтихорномаи Вазорати маъорифи макотиби Олӣ ва миёнаи собиқ ҶШС (соли 1983), «Ифтмхорномаи Ҳизби Халқи-Демократиии Тоҷикистон (соли 2012) сорфароз гардонида шудааст. Бо қарори Шурои Олимони Донишгоҳи Давлатии Данғара аз 30.10.2013. таҳти рақами №3 ба унвони Фахрии Корманди Шоистаи ҶТ пешниҳод гардонида шудааст. Ин марди наҷиб, Раёсати хазинаи (Хайриявӣ) илмӣ ва фарҳангии Ҷашни 680-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва аз 23-юми июни соли 2009 Раиси хазинаи (хайрияи) илмӣ-таърихӣ, фарҳанги-динии Имоми Аъзам, вилояти Хатлон,Ҷумҳурӣ ва Ҷаҳониро ба уҳда доштанд. ӯ дар симпозиуми байналмиллали  бахшида ба «Тамаддуни Ориёӣ»,(соли 2006), Конференсияҳои Ҷумҳуриявӣ «Эҳёи Кӯлоб»-соли 1991, Симпозиуми баёналмиллалӣ ба муносибати 45-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузӯрги Ватанӣ (ш.Киев), Симпозиуми байналмиллалӣ бахшида ба соли Бузургдошти Имоми Аъзам, (октябри соли 2009.ш.Душанбе) ва инчунин дар бисёр Конференсияҳои Байналмиллалӣ дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петарбург, Тошкент, Минск, Алма-Ато, Боку иштирок намуда, бо маърузаҳои пурмуҳтавои илмӣ суханрони намудааст.

Ҳиссаи профессор Юнусов Сайидаҳтам дар соҳаи илми муосир хело бузург аст. Зиёда аз 10 монография,200 мақолаи илмӣ-методӣ, маҷаллавӣ ва 300 мақолаи рӯзномавиро ба табъ расонидааст. Асарҳои эҷоднамудаи ин марди наҷиб зиёданд ва асари тоза эҷод намудаи ӯ «Хизматҳои таърихӣ-умумиҷаҳонии фарзанди фарзонаи Миллати Тоҷик, Эмом Алии Раҳмон» (с.2013) мебошад. Асарҳои илмии ин марди наҷиб ба таърихи башарияти халқи Тоҷик бахшида шудаанд ва ин асарҳо дар тарбияи касбӣ ва ахлоқии ҷавонон саҳми арзанда доранд. Устоди баруманд, Юнусов Сайидаҳтам Сайидалиевич марди фозил, сухандону сухансанҷ, таърихшиноси асил ва омӯзгори хушсалиқа мебошанд. Миллати Тоҷик дар арсаи байналмиллалӣ аз чунин фарзандони бомаърифату бофарҳанги Ватанӣ ифтихор мекунад ва дар интиҳои гуфтор панди ҳакимонаи Одам-уш-Шуаро, Абуабдуллои Рӯдаки ба ёди кас мерасад, ки гуфтааст:

   Ҳар, ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор, 

  Ҳеҷ н-омӯзад, зи ҳеҷ Омӯзгор.         

 

Раҳмат Шералиев,

омӯзгор     

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *