Ганҷинаи Ӯктамро пайдо кунеду соҳиби хона шавед

Бар асоси хулосаи пешакии додситонии шаҳри Истаравшан, Ганҷина Қаюмоваи нӯҳсола, ки аз 25 август бедарак аст, ба эҳтимоли ғолиб ба ҳалокат расонда шудааст. Парвандаи Ганҷина акнун бо иттиҳоми куштор тафтиш мешавад.

Прокуратураи шаҳри Истаравшан бо нашри як иттилоия хабар дод, ки тибқи маълумотҳои пешакии ҷамъовардашуда, хурдсол Қаюмова Ганҷина аз ҷониби шахсони номаълум кушта шуда, то ҳол ин ҷинояти махсусан вазнин ошкор ва ҷинояткорони он боздошт нашудаанд. Дар пайи ин ҳодиса ҳоло дар телевизионҳои маҳаллии вилояти Суғд эълони гумшудани Ганҷина Қаюмова ва эҳтимолияти ба ҳалокат расондани ӯ пахш карда мешавад.

Матни иттилоияи прокуратураи шаҳри Истаравшан:

«Дар пешбурди прокуратураи шаҳри Истаравшан парвандаи ҷиноятӣ таҳти №23086 оиди ҳодисаи куштори Каюмова Ганҷина Уктамовна бо моддаи 104 қисми 1 Қонуни ҶТ мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад. Дар рафти тафтишот муайян карда шудааст, ки санаи 25-уми августи соли 2017-ум сол тахминан соати 15:20 дақиқа хурдсол Каюмова Ганҷина Уктамовна санаи таваллудаш 30 июни 2008 сол, сокини ш. Истаравшан, ҷамоати деҳоти Чорбоғ, деҳаи Найман, ҳавлии берақам, аз бозори марказии ш. Истаравшан, кӯчаи Раҷабови ш. Истаравшан баромада ба сӯи хонаашон деҳаи Наймани ҷамоати деҳоти Чорбоғ раҳсипор гардида, дар роҳ бедарак гум шуда то ҳол дарёфт нагардидааст. Аз маводҳои чамъовардашуда бармеояд, ки хурдсол Каюмова Ганҷина аз ҷониби шахсони номаълум кушта шудааст. То инҷониб ҷинояти махсусан вазнин нокушода монда, чинояткорон муайян ва дастгир карда нашудаанд. Бо мақсади ошкор намудани ҷинояти мазкур ва ба ҷавобгарии ҷинояти кашидани ашхоси гунаҳкор дар асоси талаботи моддаи 8-и конуни Конститутсионии ЧТ дар бораи мақомоти прокуратураи ЧТ аз шумо хоҳиш карда мешавад, ки акси ҷабрдида хурдсол Қаюмова Ганҷина ва зани шахсияташ ба тафтишоти пешакӣ номаълум дар барномаҳои иттилоотии телевизион пахш карда шуда аз шаҳрвандон хохиш карда шавад, ки дар хусуси доштани ягон маълумот нисбати ҷабрдида хурдсол Қаюмова Ганчэҷина ва зани шахсияташ номаълум ба прокуратураи шаҳри Истаравшан бо воситаи телефонҳои 83454 2 04 42, 834 54 2 40 00 ва ё ба рақами 92 818 38 44 хабар диҳанд».

Дар қазияи беному нишон гум гаштани Ганҷина Қаюмова ШВКД дар шаҳри Истаравшан зани шахсияташ номаълумро гумонбари асосии гум гаштани Ганҷина дониста, аз сокинон даъват ба амал овардааст то барои ошкор кардани шахсияти ин зан ба мақомот кӯмак кунанд.

Аммо амаки Ганҷина, Абдуҳафиз Қаюмов  гуфтааст, ки то ҳол ноумед нашудаанд ва ҷустуҷӯи Ганҷинаро идома медиҳанд.

Пайвандони Ганҷина эълон кардаанд, ки касе Ганҷинаро пайдо мекунад, барояш як хонаи дуҳуҷрагӣ дар шаҳри Истаравшан тақдим мекунанд.

АКСҲОИ ГАНҶИНА ҚАЮМОВА:

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *