Гандуми Тоҷикистон зиёд шуд, орд арзон мешавад?
Дар ҳашт моҳи гузашта 571 ҳазор тонна гандум ба арзиши 140 миллиону 200 ҳазор доллар аз хориҷ ва ба вижа аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ворид шудааст.
Ҳосили гандум дар Тоҷикистон аз оғози имсол то аввали моҳи ноябр ба 847 ҳазору 417 тонна расидааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 30 ҳазор тонна бештар аст.
Назар ба гуфти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ин миқдор гандум аз 268 ҳазор гектар замини зери кишти ин маҳсул бардошт шудааст.
Ҳамчунин дар ин муддат дар Тоҷикистон 435 ҳазор тонна донагӣ бардошт шуда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 60 ҳазор тонна бештар аст.
Бо ин ҳол Идораи давлатии омори Тоҷикистон эълом кард, ки дар ҳашт моҳи гузашта 571 ҳазор тонна гандум ба арзиши 140 миллиону 200 ҳазор доллар аз хориҷ ва ба вижа аз Қазоқистон ба ин кишвар ворид шудааст.
Тоҷикистон солона ба беш аз ду миллион тонна орд ва гандум ниёз дорад, ки нисфи аз ин маҳсулот аз роҳи воридот таъмин мешавад. Нархи ҳар халата орди 50 килоии тавлиди дохилӣ дар бозорҳои Тоҷикистони 250 сомонӣ ( муодили 25 доллар) ва орди қазоқистонӣ 270 сомонӣ ( муодили 27 доллар ) аст, ки соли қабл низ 170 сомонӣ буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ