«Гангстерҳои» Фирдавсӣ дастгир шуданд

Бино ба иттилоъи РВКД Душанбе, шоми 30 ноябр ду ҷавони ниқобпӯши бо «электрошок” мусаллаҳ ғайриқонунӣ ба  манзили истиқоматии Чекушина Гулнора Бегматовна, соли таваллудаш 1959 дар кӯчаи Неъмат Қаробоеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ворид шуда, бо таҳдиду зӯроварӣ аз онҳо пул талаб кардаанд.

Роҳзанон мисли гангстерҳо аз филмҳои Ҳолливуд амал карда, шавҳар ва духтарашро зери лату кӯб қарор дода, ҳамзамон бо скотч пойҳояшонро бастаанд.

Маркази матбуоти РВКД Душанбе мегӯяд, ҳарчанд дар рӯй ниқоб доштани ҷинояткорон ҷустуҷӯи онҳоро мушкил мекард, вале ба кормандони милисаи пойтахт муяссар шуд, ки дар як муддати кӯтоҳ парда аз рӯи ин ҷиноят бардошта, ду нафар — Садиров Ҳувайдо Ҷаҳонгирович, соли таваллудаш 1983 ва Файзиев Рустам Ғуломалиевич, соли таваллудаш 1997, донишҷӯи соли 4-уми Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро ҳамчун гумонбар дастгир кунанд.

Маркази матбуоти РВКД Душанбе мегӯяд: «Зимни пешбурди корҳои оперативӣ-тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурдагон бо маслиҳати пешакӣ баҳри ба даст овардани маблағи калони пулӣ, дар рӯй ниқоб пӯшида, бо таҷҳизоти техникии «электрошок» мусаллаҳ шуда, ба манзили истиқоматии шаҳрванд Чекушина Гулнора воқеъ дар кӯчаи Н. Қарабеви н. Фирдавсӣ ворид гардида, шавҳараш Чекушин Шавкат Кашафович соли таваллудаш 1955 ва духтараш Чекушина Юлия соли таваллудаш 1981-ро бо таҷҳизоти техникии «электрошок» ба сару рӯяшон зарба зада, ҳамзамон бо скотч дастҳояшонро бастаанд.”

Сипас ҳамлагарон бо мақсади пайдо кардани пул манзили истиқоматии Чекушинҳоро кофтуков карда, 1200 сомонӣ пули нақд ва як миқдор ҷавоҳироти бижутериро рабудаанд. Ба гуфтаи мақомоти милиса, роҳзанон «бо ин амалашон ба ҷабрдидагон дар баробари зарари ҷисмониву маънавӣ расонидан, ба маблағи 1600-сомонӣ зарари пулӣ низ расонидаанд.”

Дар ҳоли ҳозир нисбат ба Садиров Ҳувайдо ва Файзиев Рустам бар асоси моддаи 249-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми роҳзанӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд. Ин банди қонун барои чунин роҳзанӣ ҳамчун ҷазо то 12 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *