Гап байни худамон

Нависандаи ҳаҷвнигор Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ (тав. 1954 — ваф. 2004) агар зинда мебуд, 70-сола мешуд. Марҳум муаллифи маҷмӯаи ҳикояҳои ҳаҷвии «Гап байни худамон» (1986), «Каҷ дору марез» (1991), «Зинда будан кам аст!» (1998), «Арӯс аз Тошканд» (1998), «Дарро задам, девор кафид» (2003), «Аз гаҳвора то ситора» (2014) ва ғайра мебошад. Чанд латифаи ӯро манзури шумо мекунем.

Бачаи шум

Ӯ семоҳа ба дунё омад. Дар як ҳафта забон баровард ва аввалин суханаш боиси нохушӣ гардид.

— Бобо!- гуфт ва бобояш мурд.

Аз байн чанд ҳафта гузашт. Бачаи шум хомӯш буд. Вале як бегоҳ…

— Момо!- шунида шуд овози ӯ.

Ҳама бо даҳшат аввал ба гаҳвора ва баъд ба момо дида дӯхтанд. Дере нагузашта, нафаси момо дар гулӯяш печиду якбора аз пою забон монд.

Баъди чанд рӯз ҷасади моморо низ ба хок супорида, аз худои таъоло илтиҷо намуданд, ки даҳони бачаи шумро бандад. Вале…

— Додо!- гуфт бачаи шум.

 Дуд аз димоғи падари бечора баромаду бо наздикон видоъ кард. Аммо… Рӯзи дигар хилофи чашмдошти ҳама… ҳамсоя аз олам чашм пӯшид.

Аз марказ…

Заргӯше бо думи шер сари бораро тоза карда, баъд дар он ҷо нишаст. Ин кори ӯ ба Гург нафорид.

— Ҳазратам,- гуфт ба Шер.- Кадом як нохалаф ба думатон бозӣ мекунаду шумо аҳамият намедиҳед?

— Пасттар гап зан,- ба ҳарос афтод Шер.- Ин Заргӯш аз марказ аст.

Нози бемаврид

— Гум шав, ҳабаш!,- гуфт Шишаи тиреза, ғашаш омада,- ин қадар ба ман часпидӣ?!

— Бубахш,- саросема худро канор гирифт Мехча.- Надонистам, ки ба ту малол меояд…

Шишаи тиреза баъди афтода реза-реза шудан фаҳмид, ки нози бемаврид чӣ оқибате дорад.

Тухми калон

Мурғ тухме зоид, ки беҳад калон буд. Инро шунида, рӯзноманигорон омаданд ва аз вай пурсиданд: сирри муваффақиятат дар чист?

Мурғ гуфт:

— Ман ҳеҷ чизро намедонам. Равед, аз Хурӯс пурсед.

Рӯзноманигорон ба назди Хурӯс рафтанд.

— Ин ягон хел сир надорад,- гуфт ӯ.- Лекин Ғози лаънатиро ёбам, каллаашро меканам!…

Мушҳои далер

“Ман аз ту наметарсам,- гуфт муш ва ба гурба ҳуҷум кард. Гурба ҳаросон гурехт”.

Гурба ин пораро аз китоб хонду андешамандона калла ҷунбонд:

— Маълум, ки сухан дар бораи мушҳои соли сиву ҳафт меравад.

 Хушомад

— Эй шона! Одамон туро ба фарқи сар мебардоранд. Ба чӣ хотир ин қадар азиз шудӣ?

Шона гуфт:

— Ба сад забон хушомад задам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *