Гардимо: 4 фарзанди маъюб, набераи беҳуҷҷат, хонаи иҷора ва зиндагии бенафақа насиби ман аст… (Видео)
Дигар мубориза бурдан наметавонам. Намедонам ояндаи фарзандонам чӣ мешавад? Ҳаёти Идрисҷон то ба кай дар хиёбонҳои шаҳр мегузарад?
Баъд аз шиносоӣ дар гузаргоҳи зеризаминии «Кӯли ҷавонон» бо Гардимо Ҳамидова, ки ҳама ӯро бо номи Давлатмо мешиносанд, хостем ба хонаи ин зани муҳтоҷ ва корафтода рафта, аз вазъи зиндагии ӯ ва фарзандонаш огаҳӣ ёбем. Вақте ба хонаи холаи Давлатмо, ба маҳаллаи Ҳаёти Нав рафтем, пеши назарамон хонаҳои паст намудор шуд. Ба хона даромадем.
Холаи Давлатмо моро самимона ба хона даъват кард ва гуфт:
-Шумо дирӯза журналистҳо?
— Бале, холаҷон мо журналистон аз сомонаи Tajikistan times.com ҳастем. Баъди дирӯза суҳбат хостем аз вазъи оилаи Шумо аз наздик шинос шавем.
Гардимо Ҳамидова, зани ҳалиму меҳрубон, синаш ба 63 расидааст, аз чи сабаб бошад то ҳол ба нафақа набаромадааст. Барои нигоҳубин кардани фарзандони бемори худ ҳар субҳ ба савдои сари кӯчагӣ мебарояд ва бо даромади ночизи худ зиндагиашро пеш мебарад, ки инро баъди суҳбат бо ӯ хубтар дарк кардем. Гардимо Ҳамидова модари чор фарзанд, се писар ва як духтар мебошад. Шавҳараш дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ вафот кардааст. Бо чор фарзанди бемори худ то имрӯз боиҷоранишинӣ зиндагиаашро пеш мебарад. Тавре худи ӯ мегӯяд, фарзандонаш Бахтиёр , Гулҷаҳон, Баҳодур ва Давлат ба бемории рӯҳӣ гирифторанд. Танҳо тавонистааст, як фарзандашро оиладор кунад, ки ин ҳам Баҳодур. Баҳодур гарчанде соҳиби оила ва чор фарзанд бошад ҳам, лек ба гуфти ин модари зор то ҳол бемор аст ва зиндагии худро бо як азоб пеш мебарад.
-Ду писари дигарам дар хона ҳастанд. Баъзе вақт Баҳодур кам -кам ба бозори Султони Кабир рафта кор мекунад.
Холаи Давлатмо оҳи сар кашида дар бораи якадухтари худ чунин гуфт:
-Духтарам ба шавҳар баромада буд. Лекин зиндагиаш дер давом накард, дар хонаи ҳамсараш наистод ва ҳомила ба хона омад. Дар назди худам таваллуд кард, лекин баъди ба дунё овардан, фарзандашро нигоҳ накард. Ман танҳо набераамро калон кардам. Имрӯз бояд набераам Идрисҷон ба мактаб равад, лекин шаҳодатномаи таваллуд надорад.
Замоне дар маҳаллаи Пахтакор зиндагӣ мекардем, вагони истиқомат мекардаамон ба коми оташ рафт ва ҳамаи ҳуҷҷатҳоямон сӯхт. Дар ҳамон ҷо шиносномаи Гулҷаҳон ва Давлат сӯхт ва то ҳол онҳо бе шиноснома ҳастанд. Аз сабаби надоштани шароит натавонистам ба набераам шаҳодатнома гирам. Чанд маротиба ба Ҳукумати шаҳр муроҷиат кардам ва шароити зиндагиамро ба онҳо фаҳмонидам, то ба мо камбизоатон кӯмак расонанд.
Лекин мегӯянд, ки пул ё хешу табор надошта боши касе ба ҳолат нигоҳ намекунад. Дар ҳамин як хона зиндагӣ мекунем. Ҳар моҳ 400 сомонӣ иҷорапулӣ медиҳам. Саломатиам рӯз аз рӯз бадтар шуда истодааст. Бемории қанд дорам. Дигар мубориза бурдан наметавонам. Намедонам ояндаи фарзандонам чӣ мешавад? Ҳаёти Идрисҷон то ба кай дар хиёбонҳои шаҳр мегузарад?
Ин зани муҳтоҷ ва дастнигар мехоҳад ҳадди ақал ба наберааш шаҳодатномаи таваллуд гирад ва ӯро ба мактаб диҳад. Онҳое, ки дар ин моҳи хайр имконияти дасти кӯмак дароз кардан доранд, ба рақамҳои зер занг зананд ва дар зиндагии ин модари ғамдида каме беҳбудӣ бахшидан кумак кунанд.
Ҳамидова Гардимо: +992938062406
Бахтовар САФАРОВ
Ширин ТОҲИРӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ