Гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон аз $1,1 млрд убур кард
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Қазоқистон Олжас Беткенов таҳкими ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.
Сарвазири Қазоқистон бо сафари расмӣ имрӯз, 30 апрел вориди шаҳри Душанбе шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ намуд, ки шарикии стратегии ду кишвар дар тамоми соҳаҳо босуръат густариш меёбад.
“Мо манфиатдорем, ки заминаи хамкории ду кишвар минбаъд ҳам мустаҳкам шавад”,- таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.
«Тоҷикистонро мо шарики боэътимоди стратегӣ ва ҳампаймон медонем, байни кишварҳои мо ҳеҷ масъалаи ҳалношуда набуд ва нест, ҳамаи онҳо дар руҳияи ҳампаймонӣ ва бародарӣ ҳал мешаванд”, — изҳор дошт Олжас Беткенов.
Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории кишварҳоро дар соҳаҳои афзалиятноки тиҷоратию иқтисодӣ, бахусус энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, молиявию бонкӣ, сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ баррасӣ намуданд.
Зикр гардид, ки соли гузашта гардиши мол миёни кишварҳо ҳудуди беш аз 1,1 млрд доллари амрикоиро ташкил дода, барои боло бурдани ин нишондод тадбирҳои муштарак андешидан лозим аст.
Зарур дониста шудааст, ки дар ин самт иқтидори Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ бештар истифода шавад ва иҷрои шартномаву қарордодҳои ба маблағи тақрибан се миллиард доллар қаблан басташуда зери назорат бошад.
Ҷалби сармоя ба соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судовари саноати сабук ва кӯҳӣ, хӯрокворӣ, кимиё, металлургияи ранга, мошинсозӣ, дорусозӣ ва сайёҳӣ муҳим шумурда шуд.
Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ ба роҳ мондани хатсайрҳои мустақими мусофиркашониро тавассути нақлиёти заминӣ ва дубора оғоз гардидани хатсайрҳои нақлиёти ҳавоиро миёни пойтахтҳои ду кишвар таъкид карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ