Гардиши моли Тоҷикистону Ӯзбекистон 1 млн доллар мешавад

Гардиши молии миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон то  1 млрд. доллар дар як сол мерасонем — ин матлабро имрӯз Вазири иқтисод ва рушди савдои мамлакат Неъматулло Ҳикматуллозода зимни нишасти хабарӣ ба рузноманигорон иброз дошт.

“Барои ин тамоми шароит вуҷуд дорад. Аммо худи ҳамин сол яку якбора ба ин рақам расидан имконнопазир аст. Муносибатҳои иқтисодии ду мамлакатҳои ҳамсоя рушд кардааст ва дар ин самт шартномаҳои зиёд ҳам ба имзо расидааст”-зикр намуд вазир.

Неъматуллозода гуфт: “Миёни Тоҷикистони Ӯзбекистон тамоми мамониятҳо пас аз вохӯрии таъриихии миёни сарони кишвар ки  дар сатҳи олӣ буд, аз байн бурда шудааст ва ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳо густариш ёфта истодааст”.

Ҳанӯзам воридот аз содирот зиёд аст

Ба иттилои ӯ гардиши моли миёни ду кишвар дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ  ба 128,3 млн. доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 69,7 доллар зиёд аст.  Маблағи умумии гардиши мол дар Тоҷикистон 75 млн долларро ташкил додааст, ки аз ин рақам 53,3 млн доллар маблағи маҳсулоти  воридотӣ мебошад.

Тоҷикистон мехоҳад, ки ба Хитой мева содирот кунад

Ҳамчунин дар нишаст гуфта шуд, ки дар муддати наздик дар Сурхандарёи Ӯзбекистон сохтмони корхонаи истеҳсоли семент шурӯъ мешавад: “Корхона аз ҳисоби маблағҳои ширкатҳои хусусӣ сохта мешавад. Мо барои чунин иқдом соҳибкоронро дастгирӣ мекунем ва барои пешрафти корашон кумак мекунем” –иброз дош Вазири иқтисод ва рушди саноат.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *