Гардиши тиҷорат байни Тоҷикистону Эрон ба 175,2 млн доллар расид

Имрӯз, 8-уми ноябр Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Эрон дар Душанбе баргузор гардид. Вохӯрии соҳибкорони Тоҷикистон ва Эрон дар шакли «Соҳибкор бо Соҳибкор» (B2B) сурат гирифт.  

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар форум аз ҳарду ҷониб намояндаи беш аз 150 ширкат ҳузур доранд.

Роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорон,  намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаҳои фарматсевтика, саноат, инфрасохтор, кишоварзӣ, энергетика, хизматрасонии молиявӣ ва сайёҳӣ, инчунин технологияҳои иттилоотӣ дар панелҳои алоҳида иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар моҳҳои январ-сентябри соли равон гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон 175,2 млн долларро ташкил додааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,9 млн доллар ё 11,4 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар ин давра ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ба маблағи 63 млн доллар молу маҳсулот содирот гардида, воридот ба 112,2 млн доллар баробар гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *