Гармии ҳаво имрӯз ба 39-дараҷа мерасад

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, шурӯъ аз имрӯз ҳарорат дар ҷумҳурӣ нисбат ба рӯзҳои қаблӣ пастар гашта, дар бештари ноҳияҳо ҳаво абрноки тағйирёбанда мегардад.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 14+19, рӯзона 31-36 ва дар шарқи  ин вилоят   шабона  6+11 ва рӯзона +19+24 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +35+40 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои софу беғубор пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҷойҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона +22+27 ва рӯзона +36 + 41 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шабона +15 +20 ва рӯзона +35+40 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор шуда, шабона +15+17 ва рӯзона +37+39 дараҷа гарм мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *