Газ арзон шуд!

Давоми ҳафтаи гузашта дар пойтахти  кишвар қимати гази моеъ 12 дар сад поин омада, арзиши як литри ин сӯзишворӣ аз 3 сомониву 40 дирам ба 2 сомониву 80 дирам расидааст. Дар шаҳри Хуҷанд хабар медиҳанд, ки дар ин шаҳр низ арзиши як литр гази моеъ то ба 2 сомониву 60 дирам коҳиш ёфтааст.

Бо дарназардошти сардии ҳаво дар рӯзҳои ахир ва роҳандозии реҷаи “лимит” дар интиқоли нерӯи барқ бештаре аз сокинон барои омода кардани ғизо ва гарм кардани манзили худ аз ин навъи сӯзишворӣ истифода мекунанд. Назар Одиназода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ,сабаби поин рафтани қимати гази табииро “ба коҳиши талабот ба ин навъи сӯзишворӣ” ва “арзон шудани нархи он дар кишварҳои тавлидкунандаи ин навъи сӯзишворӣ” марбут донистааст.

Ӯ гуфтааст, «дар пайи поин рафтани қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ арзиши гази моеъ низ дар кишварҳои содиркунандаи ин навъи сӯзишворӣ арзон шудааст. Тоҷикистон гази моеъро асосан аз Қазоқистон, Русия ва Туркманистон ворид мекунад.»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *