Газ арзон шуд. Оё роҳкиро низ арзон мешавад?
Дар оғози ҳафтаи нав нархи гази моеъ дар кишвар, ки аксари ронандагон аз он истифода мекунанд, боз арзон шуд.
Коҳишёбии нархи гази моеъ дар Тоҷикистон идома дорад.
Ҳафтаи навин боз арзиши газ поин рафт. Ҳоло дар нуқтаҳои фурӯши газ, махсусан дар шимоли кишвар, вилояти Суғд 1 литр гази моеъро бар ивази 6 сомонию 30 дирам харидан мумкин аст.
Дар оғози ҳафтаи гузашта қимати маводи сӯхт 7 сомониву 80 дирам буд, аммо дар охири ҳафта то ба 6 сомониву 60 дирам поин рафт.
Чи тавре, ки фурӯшандагони он мегӯянд, қимати гази моеъ ба далели афзоиши тадриҷии воридот аз Ӯзбекистон ва Туркманистон поин меравад.
Дар ҳама ҳол, Қазоқистон таъминкунандаи аслии маводи сӯхт ба Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Вале, маълум нест, ки нархи гази моеъ дар кишвар дар идома ба нишондиҳандаҳои қаблияш баргашт хоҳад кард ё на.
Аммо агар арзиши он аз ҳаҷми воридот вобаста бошад, Тоҷикистон дурнамои хуб дорад.
Пештар маълум шуд, ки Тоҷикистон бо Туркманистон шартнома баст, ки мувофиқи он кишвар ба микдори номаҳдуд газ мегирад.
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захоири оби Тоҷикистон гуфт, ҷумҳурӣ қасд дорад феҳристи воридкунандагони ин маводди сӯхтро густариш диҳад.
Ба ҷуз аз Қазоқистон, Русия таъминкунандаи асосии газ аст. Дар соли 2021 Тоҷикистон аз Туркманистон 5 ҳазор тонна ин маводи сӯхтро ворид кардааст.
Дар умум кишвар 410 ҳазор тонна гази моеъ ворид кардааст, ки аз ин 360 ҳазор тоннааш ба Қазоқистон рост меояд.
Ин навъи сӯзишворӣ яке аз серхаридортарин аст, зеро 50-60 фоизи мошинҳо бо он ҳаракат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки нархи рекордии гази моеъ дар кишвар соли 2021 сабт шуд. Дар ин давра дар кишвар шаҳрвандон бар ивази 1 литр газ 9 сомонӣ (0,79 доллар) медоданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ