“Газ”-и  газ нархро кӣ боло мебарад: Қазоқистон ва ё…?

 

…Ин субҳ дар Русия нархи бензин арзон шуд. Ҳамагӣ чор тин, вале арзон шуд ва ин раванд идома хоҳад ёфт…

…Ин субҳ дар Тоҷикистон нархи газ  ба 4 сомонию 80 дирам ва 5 сомонӣ расид ва ин раванд идома хоҳад ёфт…

Чунин буд аввалин хабарҳое, ки дар мавриди нархи маводи сӯхт пайдо кардам. Чаро чунин аст?  Вақте ки чунин аст, аллакай дар бозор нархи тамоми маводи хӯрока аз картошка сар карда, то меваю орд баланд рафта истодааст ва ҳамаи инро сабаб болоравии нархи сӯзишворӣ аст. Қаблан ҳам чунин мешуд ва газ 20-30 дирам болою поён”бозӣ” мекард. Вале ин қадари бад  ҳам не — дия…

Аз ҳамсояи маршруткачиам пурсидам, ки чаро ду рӯз боз ба кор намеравад? Гуфт:

-Ака, бо ин як сомонию шаст дирам ман ҳатто сӯзишворӣ харида наметавонам. Чӣ гуна оилаамро сер кунаму боз мошинамро дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ дорам? Нияти сафари корӣ дорам…Ба Қазоқистон…

Дар бораи Қазоқистон гуфту ба ёдам расид, ки ҳамаи бадбахтиҳои нархи сӯзишвориро сохторҳои масъул ба ин кишвар вобаста кардаанд.

-Дар Қазоқистон нархи гази барои мо фурӯхташавандаро қариб ду баробар баланд кардаанд. Боз як корхонаи газ аз кор мондааст…,-шарҳ медиҳанд онҳо…

Аммо як “огоҳи” дигар мегӯяд:

-Ширкати “Фароз”ҳамаро ба даст гирифтааст ва чӣ  хеле хоҳад, ҳамон хел нарх монда истодааст.

Рости гап, ман намедонам, ки кадом ширкат ин корро карда истодааст ва чаро ба таври бесобиқа нархҳо баланд шуда истодаанд. Аммо як чизро медонам: Дар Тоҷикистон Хадамоти зиддиинҳисорӣ мавҷуд аст ва чаро кор то ба ин дараҷа расиду то ҳол ин ниҳод ба таври расмӣ мавқеашро баён намекунад? Магар Президенти мамлакат бо ҳамин умед ин сохторро созмон дода буд, ки дар чунин мавридҳо хомӯширо ихтиёр кунад? Ин як ЧП аст,ки оқибаташро ҳар як сокини кишвар, новобаста ба он, ки мошину трактор дорад ё не, дар ҷисми худ эҳсос мекунад. Зеро нархи маводи сӯхт ин “эффекти домино”-ро дорост ва агар он баланд шавад, бе кумаки ягон фолбин ҳам фаҳмидан мумкин аст, ки ба наздикӣ нархҳо баланд мешаванд ва як сӯрохии нав ба кисаи бе ин ҳам сӯрохи мо илова мегардад…

Дар кишвар сохторҳои масъуле фаъолият мебаранд,ки савдои берунаи моро назорат мекунанд ва ба танзим медароранд (Ба ҷуз ширкатҳои хусусие,ки ба ин кор машғуланд). Наход дар Осиёи Марказӣ,ки конҳои асосии гази табиӣ дар ҳудуди ин минтақа аст, кишвари дигаре ёфт нашавад, ки бо он робита намуда, бо нархҳои нисбатан дастрас газу бензин харем? Ҳоло Русия гирифтори санксияҳои Ғарб аст ва барои маводи худ харидор мекобад. Оё намешавад, ки бо русҳо “забон” ёбем. Дар ниҳояти кор, ба хотири ба даст овардани манфиати миллӣ магар тоҷирони боинсофи мо наметавонанд чун миёнарав ба Туркманистоне, ки дар болои ҳавзи нефт ва мавҷи газ аз бенонӣ рақс мекунад,  ғаллаи дигар кишварҳоро интиқол диҳанду газу бензини арзон ба даст оранд? Роҳҳо зиёданд, вале дарёфти тоҷироне,ки на бо сухан, балки бо амали худ  ватандӯстиашро собит намояд, каманд. Онҳо на танҳо дар сухан, балки дар амал ҳам садоқати худро ба Пешвои миллат изҳор намуда, Тоҷикистонро аз буҳрони сӯзишворӣ раҳонанд, он гоҳ аввалин шуда, барои ин хизматашон кафкӯбӣ хоҳем кард, Ҳоло бошад, танҳо як роҳ аст, то ба танзим даромадани нархи сӯзишворӣ мошинатонро дар гараж монеду ҷузъдонатонро ба даст гирифта, сари роҳ  маршруткапоӣ кунед. Агар ягон нафар аз ронандагони он  аз ҳисоби кисаи худаш савоб гирифтанӣ бошад, шуморо ҳатман то коргоҳатон мебарад…

А.АҲМАДЗОДА,

“Тоҷикистон”

P.S. Дар шумораи ояндаи «Тоҷикистон» таҳлили коршиносро дар мавзӯи сабабҳои аслии  болоравии нархи сӯзишворӣ мутолиа намоед. 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *