“Гази” газро кӣ пахш кард?

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон сабаби аслии боло рафани нархи

гази моеъ дар кишварро “омили беруна” унвон кард. Қимати як литр гази моеъ рӯзи 18 июн дар пойтахт ва дар навоҳии атрофи он тахминан 11 дарсад афзуд, ба 4 сомонӣ баробар шуд ва тавре фурӯшандаҳои нуқтаи гази моеъ гуфтанд, эҳтимол дорад дар рӯзҳои оянда аз марзи чаҳор сомонӣ ҳам бигзарад. Ширкатҳои аслии воридкунанадаи гази моеъ дар Тоҷикистон аз шарҳи вазъи баамаломада худдорӣ мекунанд, вале дар ҳоли ҳозир мутахассисони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон барои маълум кардани сабабҳои аслии афзоиши баҳои газ як мониторинг ё арзёбии нарху наворо оғоз кардаанд. Суннатулло Давлатов, намояндаи Раёсати рақобати Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон рӯзи 19 июн гуфтааст,ки  иллати аслии боло рафтани нархи гази моеъ дар Тоҷикистон ба кам ворид шудани газ аз кишварҳое мисли Русия ва Қазоқистон бастагӣ дорад.“Ҳоло мо мониторинги вобаста ба ин масъала шурӯъ кардаем ва сабабу омилҳои онро рушан хоҳем кард, вале фикр намекунем, ки нархи газ аз 4 сомонӣ боло равад. Имкон надорад, вале тавре гуфтам, сабаби аслӣ дар беруни Тоҷикистон аст”. Аммо баръакси гуфтаҳои эшон субҳи имрӯз нархи газ дар фурӯшгоҳҳои Газпром 4 сомонию 20 дирам буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *