Гази моеъ боиси сӯхтор дар «Сафина» шуд

Рӯзи 7 сентябр дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Сафина” дар шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат дар ҳудуди деҳаи Қирғизон сӯхтор ба амал омад. Мақомот мегӯянд, сӯхтор ҳангоми холӣ кардани гази моеъ ба сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ сар задааст.

Сӯхтор дар нуқтаи фурӯши маводи сӯхти «Сафина”, ки ба ширкати «Ваҳдат-20” тааллуқ дорад, рӯзи 7 сентябр, соати 12-05 оғоз ёфтааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар ин ҳодиса фавти одамон ва ҳолатҳои бардоштани ҷароҳатҳои сӯхтани бадан сабт нашудааст.

Вазорти дохила ҳамчунин бо такя ба коршиносон гуфт, «сабаби сӯхтор риоя накардани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми холӣ намудани гази моеъ аз автомашинаи тамғаи «Дулан», рақами қайди давлатиаш 19 89 АВ 01, ба зарфҳои нигоҳдории газӣ, яъне дар натиҷаи ихроҷшавии гази моеъ аз зарфи автомашинаи тамғаи «Дулан» ба амал омадааст.

Тафтиши қазияи сӯхтор дар нуқтаи фурӯши маводи сӯхти «Сафина” дар Қирғизон идома дорад ва бо анҷоми он ҳаҷми зарари расида низ ҳисобу китоб карда хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *