Гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ворид шуд
Мақомоти ширкати «Тоҷиктрансгаз» мегӯянд, ки сар аз авохири ҳафтаи гузашта интиқоли гази табиӣ Узбекистон ба Тоҷикистон оғоз шудааст.
Шавкат Шоимов, муовини раиси ширкати «Тоҷиктрансгаз» рӯзи 9-уми апрел гуфтааст, ки феълан гази табиӣ кишвари ҳамсоя ба қисмати марказии Тоҷикистон интиқол меёбад. Як мақоми дигари ин ширкат гуфтааст, ки феълан интиқоли гази табиӣ Узбекистон барои тавлиди алюминий дар корхонаи «Талко» сурат мегирад. Ба гуфтаи ӯ, интиқоли гази табиӣ ба вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон низ имконпазир аст. Манбаъ афзуд, «феълан ҳама лӯлаҳои интиқоли газ дар ҳолати омодабош аст, вале оғози воридоти гази табиӣ ба муштариён, аз қарордодҳои корхонаҳои саноатӣ вобаста мебошад. Зеро, то ин лаҳза ҳеҷ қарордоде бо корхонаҳои саноатӣ дар шимоли кишвар имзо нашудааст».Ба иттилои ин манбаъ, «Узбекистон ба хотири рушди ҳамкориҳо, қиммати ҳар як ҳазор метри мукааби гази табииро барои Тоҷикистон ду маротиба камтар аз нархи ҷаҳонӣ, яъне 120 доллар муқаррар кардааст». Ин дар ҳолест, ки қаблан раҳбарияти ширкати «Талко» гуфта буданд, ки агар арзиши гази табиӣ аз Узбекистон гарон бошад, ҳамчунон дар тавлиди алюминиё аз ангиштсанг истифода мекунанд. Раҳбарияти «Тоҷиктрансгаз» гуфта буданд, ки феълан интиқоли гази табиӣ ба манзили сокинон матраҳ нест, зеро аз соли 2012 ба ин сӯ, баъди қатъи воридоти гази табиӣ аз Узбекистон бештаре аз сокинон Тоҷикистон лӯлаҳои интиқоли гази табиӣ ба хонаҳояшонро тахриб кардаанд ва хатари сар задани инфиҷорҳо дар манзили сокинон аз эҳтимол дур нест. «Тоҷиктрансгаз» гуфта буд, ки «баъд аз барқарор сохтани лӯлаҳои интиқоли гази табиӣ дар манзили сокинон азсаргирии интиқоли ин маводи сӯхтӣ барои аҳолӣ имконпазир мешавад».Узбекистон аз аввали соли 2012 интиқоли гази табиӣ ба Точикистонро пурра қатъ карда буд. Соли 2011 кишвари ҳамсоя солона ҳудуди 370 миллион метри муккаб газро ба Тоҷикистон бо нархи 370 доллар барои ҳар ҳазор метри мукааб мефурӯхт.То соли 2012 Узбекистон ҳамасола ҳаҷми интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро тадриҷан коҳиш дод, ҳарчанд дар оғози солҳои 2000-ум Тоҷикистон соле ҳудуди 1 миллиард метри мукааб газро аз ин кишвар харидорӣ мекард. Дар ниҳоят, Узбекистон эълон кард, ки ба сабаби фурӯши миқдори зиёди гази табиӣ ба Русия ва Чин наметавонад дигар ин намуди сӯзишвориро ба Тоҷикистон содир кунад.Чунин вазъият ҳукумати Тоҷикистонро водор кард, ки ба шеваи изтирорӣ ва сареъ фаъолияти корхонаҳои бо гази табиӣ фаъолиятдоштаро ба истифодаи ангишт табдил диҳад. Аз ҷумла, ширкатҳои бузурге ба монанди корхонаи алюминийи Тоҷикистон “Талко” ва корхонаи тавлиди сементи Душанбе ба истифода аз таҷҳизоти ангишт гузаштанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ