Газкашон ба ҷарӣ афтод

Дар километри 123- юми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес, рақами давлатиаш 642ZK 02 марбут ба ҶДММ «Эмом импорт экспорт «, ки барои кашонидани газ махсусгардонидашуда шудааст, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада дар натиҷа воситаи нақлиёт аз баландии зиёда аз 100 метр ба дарё афтод.
Мутаассифона, дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш ронанда ба ҳалокат расид.
Ниҳодҳои дахлдор ба таҳқиқи садама шурӯъ карданд, вале тибқи хулосаи пешакӣ ронандаро хоб бурдааст.
“Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳолати роҳ дар ин минтақа хуб буда, ба ҳеҷ ваҷҳ вазъи роҳро наметавон сабаби рух додани садамаи мазкур шудааст арзёбӣ намуд”-хабар додааст Маркази матбуотии роҳи  IRS.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *