“Газпром”-и Русия нафт наёфту аз Тоҷикистон рафт

Ширкати “Gazprom International”, корхонаи фаръии “Газпром” аз ҳаққи истихроҷ дар ду кони “Сариқамиш” ва “Шоҳамбарии Ғарбӣ” даст кашида ва ба ин тартиб дигар дар Тоҷикистон фаъолият намекунад. Дар ин бора рӯзи сешанбеи 11 уми июл Мурод Хол, сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ хабар дод. Ба гуфтаи вай, ширкати “Газпром” дар бораи фаъолиятҳояш дар соли 2015 гузориш дода, аммо барои шарҳи он ҳозир нашудааст.

Ширкати Gazprom International, дар оғози соли ҷорӣ эълон кард, ки ду иҷозатномаи дигараш барои ҷустуҷӯи нафту газ дар конҳои “Шаҳринав” ва “Шоҳамбарии Ғарбӣ”-ро бозпас медиҳад. Далели чунин амр ошкор нашудани захираҳои бузург дар ин конҳо унвон шуда буд. Ёдовар мешавем, ки ширкати “Газпром”-и Русия соли 2007 бо пуштибонии президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон омада, барои истихроҷи нафту газ дар чаҳор кон иҷозатнома гирифт. Аммо талошҳои ин ширкат барои дарёфти захираҳои саноатии ин маводи сӯхтӣ бенатиҷа анҷом ёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *