Генерал Азимов ҳам аз дунё рафт, марги 3 генерал дар 4 руз
Соати дуи шаби 17 май генерал-лейтенант Абдураҳмон Азимов, собиқ муовини сарвазир ва фармондеҳи собиқи қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон дар синни 70 дар хонааш дар шаҳри Кӯлоб аз олам чашм пӯшид.
Гуфта мешавад, ки ӯ як ҳафтаи охир дар бистарӣ беморӣ қарор дошт, вале дар хона муолиҷа мегирифт. Наздиконаш мегӯянд, ки ӯ аз бемориҳои дил ва диабети қанд ранҷ мекашид. Абдураҳмон Азимовро субҳи 17 май дар Кӯлоб ба хок супурданд.
Дар 4 рӯзи охир генерал Азимов инак сеюмин генерали тоҷик аст, ки дар рӯзҳои авҷи бемории коронавирус тарки дунё мекунад. Рӯзи 13 май генерал-майор Абдулназар Абдуласанов, собиқ муовини вазири мудофиа ва коменданти собиқи Душанбе, дар синни 77 аз олам чашм пӯшид. Рӯзи 14 май генерал-лейтенант Саиданвар Камолов, вазири собиқи амният ва фармондеҳи собиқи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 14 май дар бемористони «1-ум Советский”-и шаҳри Душанбе вафот кард.
Маълумотнома
Абдураҳмон Азимов 10 январи соли 1950 дар Кӯлоб ба дунё омадааст. Хатмкардаи Институти давлатии педагогии Кӯлоб (1972). Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи СССР (1972 – 1973), муаллими садорати кафедраи забон ва адабиёти рус. (1973 – 1974) раиси Комитети иттифоқҳои касабаи Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб (1974 – 77) нозири Кумитаи Ҳизби коммунистии шаҳри Кӯлоб (1977 – 1982), корманди Кумитаи бехатарии давлатӣ (КГБ)-и Тоҷикистон, ёвари сардори идораи КГБ -КАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1982 – 1992), сардори идораи КАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон(1993 – 1996) буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ