Генералҳои риёкор аз “мурдаҳо” пул мегирифтанд

Вазири молияи собиқи Афғонистон шарҳ дод, ки чаро нерӯҳои ҳукуматӣ дар ҷанг бо толибон бохтанд

Ҳукуматдорони собиқи Афғонистон дар артишашон «арвоҳ» ба вуҷуд овардаанд. Дар ин бора Холид Поянда, вазири молияи собиқи Афғонистон дар суҳбат бо BBC гуфт.

Чи тавре, ки  ӯ иброз медорад бо кумаки артиши «хаёлӣ» мансабдорони фасодкор пулшӯӣ мекарданд. Генералҳо дар  руйхатҳо номи одамони вуҷуднадоштаро сабт мекарданд ва баъд маошашонро худашон аз худ карданд.

Поянда таъкид кард, аксари артиши Афғонистон, ки гуфта мешуд, аз 300 ҳазор сарбоз иборат аст, сохтакорӣ будааст.

Вазири собиқ ҳамчунин маълумот дар бораи бартарии нерӯҳои ҳукуматӣ аз теъдоди толибонро рад кард. Сарбозони аслӣ ҳеҷ гоҳ маоши худро сари вақт намегирифтанд.

Генералҳо низ аз толибон пул гирифта, ваъда доданд, ки бидуни ҷанг ба радикалҳо таслим мешаванд.

Ба туфайли чунин фиребкориҳо режими қаблии Афғонистон аз байн рафт, меафзояд  Поянда.

Поянда зикр кард, ки президенти собиқи ҷумҳурӣ Ашраф Ғаниро фасодкор намедонад.

Талафоту бадбахтиҳои харобиовари Афғонистон ба ҳузури нирӯҳои Амрико ва НАТО дар ин кишвар сахт марбутанд афзуд Поянда.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *