Генерал Ҳабибов даргузашт

Генерали мустаъфӣ, собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдулло Ҳабибов аз олам даргузашт. Номбурда шаби 24-уми апрел дар синни 80-солагӣ ин дунёро падруд гуфт.

Генерал-майор Абдулло Ҳабибов 1-уми майи моли 1940 дар ноҳияи Мӯъминобод таваллуд шуда, пас аз хатми Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дар Академияи фанҳои ҷамъиятии назди Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Маскав таҳсил кардааст.

Баъдан ба ҳайси мудири шӯъбаи идеологии Кумитаи марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, референти калони дастгоҳи Шӯрои вазирони Тоҷикистон, сардори шӯъбаи сиёсии ВКД, Раиси кумитаи Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон, Муовини раиси кумитаи гумрук, муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон, Мудири шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси Миллӣ ва вакили мардумии Тоҷикистон кор кардааст.

Абдулло Ҳабибов мехост дар маҳаллаи “Автовокзал»-и шаҳри Душанбе масҷид созад ва мақомот мегуфтанд, ки сокинон зидди ин нақшаи ӯ ба додгоҳ шикоят бурдаанд. Соли 2015 ба зидди ӯ бо моддаи 338-и Кодекси ҷиноӣ — “худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он” парванда боз ва як сол баъд қатъ шуд.Баҳори соли 2016 бинои ниматамоми масҷид ба моликияти давлат табдил дода шуд.

Ҷанозаи марҳум имрӯз, 25 апрел, пас аз намози пешин баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *