Генерал Азизов директори Интерпол шуд
Генерал Абдуғаффор Азизов, ки давоми 6 соли охир намояндаи ВКД-и Тоҷикистон дар Русия, ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буд, аз мақомаш барканор шудааст.
Президенти Тоҷикистон қарор дар бораи барканории генерал Азизовро охири моҳи апрел имзо намуда, ба ҷои ӯ полковник Абдуллозода Шамсулло Файзуллоро намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъин намудааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ генерал майор Абдуғаффор Азизов, директори бюрои “Интерпол” дар Тоҷикистон таъин шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ