Генерал Азизуллозода: Сокинони Рашт ба доми фиреб намеафтанд
Мувофиқи маълумоте, ки дар даст дорем, айни ҳол 125 нафар ҷавонон аз минтақаи Рашт дар давлатҳои ҷангзада ҳастанд.
Мусоҳиба бо сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал-майори милитсия Сафиало Азизуллозода.
-Рафиқ генерал, шумо солҳои зиёд аст, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият доред. Инак, наздики 3 сол мешавад, ки сардори Раёсати ВКД дар минтақаи Раштро бар зимма доред. Ҳамкории милитсия бо мардум чӣ гуна аст?
— Мехостам андешаҳоямро бо иқтибосе аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вохӯрӣ бо кормандони соҳа дар Рӯзи милитсия оғоз намоям:
“Ман ба ақлу заковат, донишу маҳорат, поквиҷдониву садоқат ва ватандӯстиву меҳанпарастии ҳар кадоми шумо бовар дорам ва эътимод дорам, ки шумо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, минбаъд низ аз иҷрои вазифа ва супоришҳое, ки давлат ва халқи Тоҷикистон дар назди шумо гузоштаанд, сарбаландона мебароед.”
Ин баҳои Пешвои миллат масъулияти ҳар як корманди мақомоти милитсияро дучанд мегардонад. Дар баробари ин, набояд фаромӯш кард, ки кормандони милитсия фарзандони халқанд ва ҳеҷ гоҳ аз мардум дур буда наметавонанд.
Муддатест, ки дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт ба ҳайси сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа менамоям. Ҳувайдост, ки милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ робитаи зич дорад. Сокинони маҳал ба кормандони милитсия бовар доранд ва дар кушодан ва пешгирии сар задани ҷиноятҳо фаъолона ширкат меварзанд ва ба мо кумак менамоянд.
-Бисёриҳо Раштро ҳамчун як минтақаи ҳассос унвон мекунанд. Чаро?
— Аз моҳи декабри соли 2017 ман дар Рашт кор мекунам ва дар ин муддат ҳамин нуктаро борҳо пеши назар овардам. Хуб ёд доред, ки соҳибистиқлолиро мо осон ба даст овардем, аммо бо сабаби дахолати бегонагон ва хиёнати зумрае аз хоинони мансабталошу ватанбезор баъди ба даст омадани истиқлолият болои мардуми кишвар балои азим омад. Фоҷиаи миллӣ, яъне ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ Тоҷикистонро ба харобазор табдил дод. Ҳамон солҳо минтақаи Рашт макони даргириҳо қарор гирифт. Тамоми қувваҳои мухолифи давлати конститутсионӣ дар ин мавзеъ ҷой гирифтанд. Ҳолати ҷуғрофии Рашт барои ташкил намудани ҳар гуна муқовимат ба муқобили давлати ҷавони тоҷикон ба мухолифон ва хоҷагони хориҷиашон писанд омада буд.
Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дастаҳои ҷиноятпеша дар ин мавзеъ тохтутоз намуда, зиндагии мардумро халалдор мекарданд. Чунин дастаҳо дар мисоли дастаи ҷиноятпешаи Муллоабдулло ва Алии Бедакӣ то соли 2011 ошкору пинҳон фаъолият доштанд. Хушбахтона, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар таҳти роҳбарии вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро тавонист соли 2011 тамоми дастаҳои ҷиноятпеша ва хавфнокро дар Раштонзамин безарар гардонанд.
Сокинони Раштонзамин мардумеанд, ки ботинашон тоза аст. Ҳамин сифатҳои онҳоро душманони миллати мо он солҳо истифода бурданд. Таҳлилгарон барои ин ҳамеша пайи он ҳушдор медиҳанд, ки Рашт бо ин мардуми зудбовар метавонад, як мавзеи ҳассос бошад ва душманону хоинони миллат мардумро барои амалӣ гардидани ниятҳои нопоки хеш истифода баранд.
Аммо аз таҷрибаи андӯхта давоми солҳои кориам гуфта метавонам, ки ин мардум ҳақиқати ҳолро хуб дарк намудаанд ва аз ин баъд ҳеҷ гоҳ ба доми фиреби душманони миллат намеафтанд. Тамоми мардум аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ҷонибдорӣ доранд.
-Имрӯз ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи кишварро шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ нигарон кардааст. Бештари онҳо ноогоҳона ва бо фиреби ашхоси манфиатдор ба гурӯҳҳои тундрав мепайванданд. Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт дар ин самт кадом корҳоро анҷом додааст?
-Пешвои миллат дар суханрониҳои хеш борҳо таъкид намудаанд: “Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст”.
Шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ на танҳо ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, балки тамоми мардуми кишварро нигарон кардааст. Магар падару модар бо ҳамин орзу фарзанд калон мекунанд? Ба андешаи мо, вазъи ноорому печидаи имрӯзаи ҷаҳони муосир сабабгори гумроҳии ҷавонон мегардад. Дар чунин шароити душвор ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгаро хеле фаъол мегарданд.
Имрӯз ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ, аз ҷумла «Ҳаракати исломии Туркистон», «Ансоруллоҳ», «Салафия», «Давлати исломии Ироқу Шом», Ҳизби наҳзати ислом, “Гурӯҳи 24” ва ғайра дар хориҷи кишвар фаъол гаштаанд. Роҳбарони онҳо барои ҷалби ҷавонони дунёнадида ва аз ҳақиқат ноогоҳ тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода мебаранд.
Бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт дар ҳамкорӣ бо дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ корҳои зиёдро ба анҷом расонид. Ҳамчунин, роҳбарияти раёсат дар соли 2018 ва панҷ моҳи сипаригардидаи соли равон, дар деҳаҳои калони ноҳияҳои минтақа бо сокинони маҳаллӣ, аз ҷумла ҷавонон, вохӯрӣ ва суҳбатҳо доир намуд. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки ташкил намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотӣ ба ҷомеаи имрӯза таъсири хуб расонда, муносибати мақомоти милитсия ва аҳли ҷомеаро боз ҳам зичтар гардонд.
Натиҷаи чунин суҳбатҳо буд, ки сафи шомилшавандагон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав коҳиш ёфтааст.
Масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва ифротгаро низ падидаи номатлуб аст. Ташкилотҳое ҳастанд, ки барои ба доми фиреб кашидани ҷавонони бесавод ва аз ҳақиқат ноогоҳ ҳама корро мекунанд ва ба ин роҳ сарвати зиёд меғундоранд.
Терроризм ва экстремизм падидаҳое ҳастанд, ки барои амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунанд.
Таҳлили тафтиши парвандаҳои ҷиноӣ нишон медиҳанд, ки беш аз 90 фисади дастгиршудагон, ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, ҳамчун аъзо ба созмону ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ ҷалб гардидаанд.
-Аз нигоҳи шумо, омилҳои пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав чист?
-Шумо хуб медонед, ки аксари ҷавононе, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав шомил мешаванд, дар хориҷи кишвар, яъне ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будани онҳо ба вуқӯъ меояд. Яке аз омилҳои асосии рух додани чунин ҳолатҳо ноогоҳии ҷавонон аз мақсаду мароми он ҳизбу ҳаракатҳо мебошад. Хуб мебуд, ки барои ҷавононе, ки нияти муҳоҷирати меҳнатӣ доранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ зиёд карда шаванд. Барои васеъ намудани ҷаҳонбинии сиёсии онҳо оид ба вазъи ҷаҳони муосир, мақсаду мароми ҳизбу ҳаракатҳои тундрав маълумоти муфассал додан лозим аст.
Омили дигар суст будани тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносӣ дар макотиби имрӯза мебошад. Шумо тасаввур намоед, ки даврони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ки падарону бобоёни мо низ дар он ҷанги хонумонсӯз иштирок кардаанду корнамоиҳо нишон додаанд, ҳазорон нафар ҷавонон ба хотири ҳифзи марзу буми мамлакати паҳновари Шӯравӣ, ки Тоҷикистони азиз як гӯшаи он буд, бо далериву шуҷоат номи Ватан дар забон худро нотарсона ба коми марг мепартофтанд, то пеши роҳи душманро бигиранд. Ҳамаи ин шуҷоату матонати ҷавонон дар он айём бевосита натиҷаи дар сатҳи олӣ ба роҳ мондани тарбияи ватандӯстӣ буд.
Хуб мебуд, ки атрофи ин масъала олимону омӯзгорони мо диққат диҳанд ва барои беҳтар ба роҳ мондани тарбияи ватандӯстии наврасону ҷавонон тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
Омили дигар соҳиби ягон ихтисос набудани аксар ҷавонони муҳоҷир мебошад. Падару модар ба хотири таъмини зиндагии худ фарзандони хешро баъди хатми мактаби миёна ба Россия мефиристанд. Бештари онҳо соҳиби ягон ихтисос намебошанд. Бо мақсади пайдо намудани маблағ онҳо дар муҳоҷират ҳафтаву моҳҳо ҷойи кор мекобанд, аммо чун ҳунаре аз дасташон намеояд, корхонае онҳоро ба кор қабул намекунад. Сатҳи пасти зиндагӣ дар муҳоҷират, гуруснагӣ, набудани шароити ҷои хоб ва ғайра вазъи онҳоро бад менамоянд ва дар чунин ҳолат таблиғгарон ба назди онҳо омада, ҷои кор, моҳонаи калон ва шароит хуби зиндагӣ ваъда медиҳанд. Ҷавонон зуд ба доми фиреби тундравон меафтанд.
Ҳамин тариқ, агар мо ҷавонони аз лиҳози маънавӣ обутобёфта ва соҳибкасбро ба муҳоҷирати меҳнатӣ фиристем, бо боварӣ гуфта метавонем, ки дар ҳама гуна ҳолат онҳо аз манфиатҳои миллӣ пуштибонӣ хоҳанд кард.
-Айни замон чанд нафар ҷавонони минтақаи Рашт дар давлатҳои ҷангзада, аз қабили Сурия ва Ироқ ҳастанд? Оё нафаре аз онҳо ба зодгоҳ баргаштааст?
-Мувофиқи маълумоте, ки дар даст дорем, айни ҳол 125 нафар ҷавонон аз минтақаи Рашт дар давлатҳои ҷангзада ҳастанд.
То имрӯз чандин нафар ҷавонони гумроҳ баъди дарки ҳақиқат ба Ватан баргаштанд. Барои ба Ватан баргардондани ҷавонон ва ноболиғони ноҳияҳои минтақаи Рашт Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ давоми чанд соли охир корҳои назаррасро ба анҷом расонданд. Чунончӣ, дар соли 2018 — ум 9 нафар сокини ноҳияҳои минтақа аз давлатҳои ҷангзада ба Ватан баргардонда шуданд. Ҳамчунин, давоми якуним соли охир 18 нафар таълимгирони ғайриқонунии макотиби диниро ба назди падару модар баргардондем.
Мо — кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт дар ҳамкорӣ бо кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Рашт ҷавони роҳгумзада Фирӯз Лоиқовро ба зодгоҳаш оварда, ба дасти модараш супоридем. Вай дар суҳбат бо расонаҳои кишвар ин лаҳзаҳоро ба ёд оварда, гуфтааст:
“Дар охир мехоҳам ба мақомоти қудратии кишвар арзи сипос намоям. Онҳо ба ман на ҳамчун шахси ҷинояткор муносибат карданд, балки барои зудтар расидан ба зодгоҳам мадад намуданд. Қариб як моҳ аст, ки дар байни ҳамдеҳаҳои хешам. Касе кордор нест. Ба хулоса омадам, ки агар қуввату донишам расад, ба ягон мактаби олӣ дохил мешавам ва касб меомӯзам. Мехоҳам ба миллат ва Ватан софдилона ва содиқона хизмат намоям. Гуноҳамро ҷуброн кунам. Бо ёру ошноҳоям, ки дар Россия кору зиндагӣ доранд, пайваста дар тамос ҳастам. Ба онҳо дар бораи он ҳақиқате сухан мегӯям, ки бо чашм мебинаму бо гӯш мешунавам. Шукр мекунам, ки ҳақиқатро дарк кардам”.
-Айни замон дар минтақа оромӣ вуҷуд дорад. Вале аксари онҳое, ки ҳамчун террорист дар ин минтақа амал мекарданд, пайравони худро доштанд, оё онҳо имрӯз аз худ хабар медиҳанд? Яъне, то кадом андоза шумо вазъи минтақаи Раштро бехатар арзёбӣ мекунед?
-Имрӯз Раштонзамин яке аз минтақаҳои орому амни кишварамон мебошад. Сокинони маҳал ба корҳои ободониву созандагӣ машғул буда, мехоҳанд дар бунёди як давлати комилан демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳми сазовор гузоранд.
Баъди безарар гардондани охирин дастаҳои ҷинояткору террористӣ дар соли 2011 то имрӯз шумораи зиёди пайравону ҷонибдорони онҳо дастгир ва мувофиқи гуноҳи содирнамуда ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Дар солҳои 2018 – 2019 панҷ гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ иборат аз 14 нафар, ки баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар ноҳияҳои минтақа бедодгарӣ мекарданд, муайян карда, дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Аз ҷумла, аз гурӯҳи Аловиддин Давлатов маъруф ба Алии Бедакӣ, С. Абдураҳмонов, И. Қаҳҳоров ва М. Ятимов, ки моҳи сентябри соли 1998 даст ба куштор зада буданд, дастгир гардида, бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2018 ба муҳлати аз 20 то 22 сол зиндонӣ шуданд.
Ду нафар ҷинояткор аз гурӯҳи Азизов Сайриддин Мирзоҳаётов А. Н.,Қосимов Х. Б. ва се нафар аз гурӯҳи Иброҳимов Ёрибек Рауфов С. М., Саймиров М. М. ва Раҳматуллоев С. Ч. дастгир шуда, нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, мавриди баррасӣ қарор доранд.
-Ташаккур барои суҳбат.
Мусоҳиб
Усмон РАҲИМЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ