Генерал Дӯстум ба Туркия рафт
Абдурашид Дӯстум, муовини баҳсбарангези Муҳаммад Ашрафғанӣ – раиси ҷумҳури Афғонистон – ин кишварро ба қасди Туркия тарк кардааст. Ёсин Хамӯш, мушовири расонаии Дӯстум гуфтааст, ки вай рӯзи 19-уми май барои табобат ба Туркия рафт. Қаблан, Башид Аҳмад Тайаҷ, намояндаи порлумон, ба телевизиони “Оина” гуфта буд, муовини раиси ҷумҳури Афғонистон пас аз гирифтани табобат ба Афғонистон бар мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ