Генерал Дӯстум волиро таҷовуз кард?

 Аҳмад Ишчӣ Волии пешини вилояти Ҷузҷони Афғонистон иддао кардааст, ки Абдурашид Дӯстум, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон ва муҳофизонаш ӯро латукӯб намуда, либосҳояшро берун оварданд ва вонамуд карданд, ки ба ӯ таҷовуз мекунанд. Ин мавзӯъ вокунишҳои зиёдеро дар дохил ва хориҷи Афғонистон ба миён овардааст.

Аҳмад Ишчӣ дар матлабе, ки рӯзи 13 декабр дар торнамои форсии ББС нашр шуд, ҳодисаро нақл намуда ва гуфтааст, ки ҳудуди ду ҳафта қабл дар майдони бузкашӣ дар вилояти Ҷузҷон ҳузур дошт ва ба назди генерал Дӯстум, ки низ дар онҷо буд, оварда шуд. Вақте хост бо ӯ салом кунад, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон ӯро дашном дод ва баъдан муҳофизони Дӯстум ӯро ба замин андохтанд ва генерал лагад бар гулӯяш монд ва дашномаш дод ва таҳқираш кард.

Оқои Ишчӣ дар идома гуфтааст, ки баъдан Дӯстум ӯро ба хонааш бурд ва ба муҳофизонаш амр кард, ки аз мошин ӯро ба наздаш биёранд. Ӯ гуфтааст, ки дар тан либоси бузкашӣ дошт ва Дӯстум ба 8 муҳофизаш амр додааст, ки либосҳои ӯро бикашанд. Ӯ дар ин мусоҳиба иддао кардааст, ки вақте муҳофизони Дӯстум либосашро кашиданд, худи Дӯстум вонамуд кардааст, ки ба ӯ таҷовуз мекунад ва аз ӯ филм гирифтааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *