Генерал Дӯстумро толибон захмӣ карданд

Бино ба итилои расонаҳои Афғонистон аз қавли мақомоти баландпояи он кишвар, генерал Абдурашид Дӯстум, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон бар асари ҳамлаи Толибон дар вилояти Форёб, захмӣ шудааст.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи душанбе дар нишасти шӯрои вазирони он кишвар бо ишора ба бархӯрди корвони генерал Дӯстум бо камини Толибон гуфтааст, ки дар ин ҳодиса чанд тани дигар низ захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи манбаъ, ҳамла ба корвони генерал Дӯстум шаби шанбе сурат гирифтааст ва дар ҳодиса чаҳор нафар кушта шудаанд, ки ду муҳофизи генерал Дӯстум низ дар миёни онҳо мебошанд. Хабаргузории «Хома»-и афғонӣ шумораи кушташудагонро 10 нафар гуфтааст, ки дар миёни онҳо як фармондеҳи нерӯҳои давлатӣ, низ мебошанд.

Мувофиқи бархе аз хабарҳо, ки рӯзи якшанбе мунташир шуд, гӯё генерал Дӯстум дар ин ҳамлаи Толибон ба шиддат маҷрӯҳ шудааст, аммо дертар наздикони муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон аксҳои ӯро нашр карданд ва гуфтанд, ки ӯ саломат мебошад. Ва ҳоло Абдуллоҳ Абдуллоҳ мегӯяд, ки генерал Дӯстум ҷароҳатҳои сабук бардоштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *