Генерал Файзулло Гадоев 28 сол зиндонӣ шуд

Додгоҳи олии Тоҷикистон генерал-майори милиса Файзулло Гадоев – сардори пешини раёсати мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилиро 28 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Манобеи Додгоҳи олӣ гуфтанд, ки ҳукми Гадоев рӯзи 15-уми октябри имсол содир шуд. Ӯро бар асоси панҷ моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, ришвагирӣ ва сӯистифода аз мансаб гунаҳкор донистаанд.

Дар ҳоли ҳозир нуқтаи назари вакили мудофеъ ва наздикони Файзулло Гадоев дастрас нест. Инчунин, ҷузъиёти парванда ва мурофиаи ӯ ошкор карда нашудааст.

Аммо бино ба иттилое, ки рӯзи 27-уми октябр Вазорати корҳои дохилӣ дар сомонаи расмиаш нашр кард, ҳамаи амволи Файзулло Гадоев ба нафъи давлат мусодира мегардад.

Ҳамзамон Гадоевро аз рутбаи “генерал-майори милитсия” ва “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҳрум карда, бо фармони вазири умури дохилӣ ҳамаи медал ва нишонҳои сарисинагии ӯро аз эътибор соқит донистанд.

Файзулло Гадоев соли 1959 дар ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон таваллуд шуда, аз соли 2002 то 2007 сардори раёсати мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Вазорати умури дохилии Тоҷикистон буд. Соли 2007 бо «сабаби ба кори дигар гузаштан» аз мақом озод шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *