Генерал Муҳиддинов: Дастгир кардани Ризвон сода набуд

22 сол қабл, 2 декабри соли 1997 дар Душанбе зимни амалиёти хадамоти махсус роҳбари гурӯҳи ҷиноятпеша, яке аз чеҳраҳои маъруфи олами ҷиноӣ Ризвон Садиров нобуд карда шуд. Амалиёти безарар гардонидани гуруҳи Ризвонро генерал-майоёр Эркин Муҳиддинов ба дӯш дошт.

Зимни як суҳбат бо Одил Нозир Генерал-майори мустаъфӣ  Эркин Муҳиддинов тафсилоти боздошти Ризвон Садировро чунин шарҳ дод:

-Бори аввал номи Ризвонро кай шунидед?

-Охири солҳои 80-ум ва аввали 90-ум.

-Ӯ дар ҳамон даврон машҳур буд?

-Бале. Охирҳои солҳои 80-ум дар Душанбе “лидерҳо” – гурӯҳҳои авбошон пайдо шуданд, ки бо роҳи ҳаросафканӣ мағоза, ошхона ва кӯчаҳоро ғорат мекарданд ва ё аз ҳар яктои он “андоз” меситониданд. Яке аз чунин гурӯҳҳоро Ризвон Садиров роҳбарӣ мекард. Баъдан Ризвон ба Афғонистон рафта, таълими ҳарбӣ гирифт ва дар олами ҷиноӣ машҳур шуд. Солҳои 90-ум ӯ як маротиба ба Тоҷикистон омада, тариқи чархбол ба Афғонистон баргашт. Дере нагузашта бародараш Баҳром Садиров дар Оби Гарм 13 нафар хориҷиёнро ба асирӣ гирифта, шарт гузошт, ки Ризвон ба Тоҷикистон ояд ва ҳукумат монеъ нашавад. Барои раҳо кардани асирон ҳатто Зуҳуров ба Оби Гарм рафтанд. Чун роҳи дигар набуд, иҷозат шуд, ки Ризвон ба кишвар ояд.

-Чаро ҳамон сол Ризвонро дастгир накардед?

-Боздошти Ризвон кори саҳл набуд. Соли 1997 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бояд ба Аврупо  сафар мекарданд. Қабл аз сафари Ҷаноби Олӣ Ризвон ду журналисти франсузро ба асорат гирифт. Кабл аз сафари Президент ин воқеаи хеле ногувор буд. Баъди тафтишоти бенатиҷаи дигар ниҳодҳои қудратӣ ин парванда ба ихтиёри амният гузошта шуд ва санаи 25 ноябр ман масъули ин амалиёт таъин шудам. Кофтуков дер давом накард, рӯзи дигар мо дар куҷо нигоҳ доштани асиронро медонистем. Баъдан, моро зарур омад, ки шарти ӯро барои озодии шаҳрвандони хориҷӣ ба инобат гирем. Аммо, мутаассифона, дар вақти додугирифт гранатаи дасти ҷанговари Ризвон таркид ва мо Карин Маннро аз даст додем. Ҳоло як кӯча дар Душанбе номи ин шаҳидро дорад. Шавҳари ӯро бошад, солим гирифтем. Ҳамин тавр, амалиёти Ризвон идома кард.

-Чӣ тавр ба шумо муяссар шуд, ки Ризвонро пайдо кунед?

-Дастгир кардани Ризвон кори сода набуд, зеро ӯ аз тактикаи  Аҳмадшоҳи Масъуд истифода мекард ва ҷояшро зуд-зуд иваз менамуд.  Мо ибтидо макони эҳтимолии Ризвонро омӯхтем. Дар кӯчаи Ашрафӣ  ҳамсари 16-солаи Ризвон бо модараш мезист. Мо тахмин кардем, ки ӯ он ҷост. Тахминамон хато набаромд. Аз ҳавлии ҳамсоя ду нафар силоҳбадастони Ризвонро боздоштем. Аммо онҳо будани Ризвонро дар хона рад мекарданд.  Зимни бозпурсӣ зани Ризвон гуфт, ки ӯро се рӯз қабл тарафдоронаш ба Ваҳдат бурданд, модараш мегуфт, ки ду рӯз шуд дар хона нест. Муҳофизонаш бошанд, маълумоти дигар доданд. Ин аллакай маънои онро дошт, ки Ризвон дар ҳамин хона аст. Мо хонаро кофтем, гӯё ӯро замин кашида буд. “Хонаро тарконед”-, бо ваҷоҳати ҷиддӣ, аммо барои санҷиш фармон додам. “Хонаро натарконед, ин хонаи ман аст. Ризвон ин ҷо нест”-бетоқат шуд зан.  Дастур додем, ки  фарши хонаро кананд. Дар зери мебел туннел диққати моро ҷалб кард.  Бо мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ ба он ғор оби бисёре равон кардем. Аз он ҷо сарусадое берун наомад. Об ҳам бенишон гум мешуд.Тахмин кардем, ки Ризвон он ҷост. Дохил шудан хатарнок буд. Граната партофтем. Баъдан кормандони мо ворид шуданд. Дар дохил ба ду тараф нақб канда шуда буд. Дар яке аз нақбҳо силоҳу маводи таркандаи зиёде ва мина мехобид. Агар таркише ба амал меомад, дар ҳудуди 500 метр ҳама ҷо хароб мешуд. Дар охири нақб, зери кунда, Ризвони мурда мехобид. Ҷисми беҷони ӯро берун кашидем. Он  абгор шуда буд… Ҳамин тавр, “салтанати” Ризвони ҷоҳил ба охир расид.

-Воқеан, ин машҳуртарин амалиёти шумо аст.

-Ман аслан дӯст намедорам, ки дар мавриди ин амалиёт ҳарф занам. Боз нагӯянд, ки бо боздошти як Ризвон тамоми умр дабдаба карда мегардад. Ҳадафи ман реклама нест. Балки гуфтани ҳақиқат аст. Зеро имрӯз нафароне пайдо шудаанд, ки ин амалиётро тамоман дигар хел шарҳ медиҳанд ва ба номи дигарон менависанд.

Шакли комили мусоҳиба дар суроғаи зерин:

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *