Генерал Назарзода: Амалиёти “Корд” дар Душанбе бобарор буд
Бахшида ба Рӯзи кормандони милитсия хабарнигори “Тоҷикистон” Усмон Раҳимзода бо сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
— Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе давоми як ҳафтаи охир дар пойтахт амалиёти “Корд”- ро роҳандозӣ кард. Ин амалиёт ба чӣ хотир буд ва чӣ натиҷа дод?
— Мо вазъи ҷиноят ва содиршавии ҷиноятҳоро дар шаҳри Душанбе таҳлил кардем. Хулоса нишон дод, ки дар бештари ҷиноятҳо аз ҷониби ҷавонон бо истифодаи корд сурат мегиранд. Сокинони пойтахт ҳам ба таҳлука афтода буданд. Роҳбарияти вазорат ва мақомоти шаҳри Душанбе назди мо масъала гузоштанд, ки дар зудтарин фурсат омилҳои ба чунин ҷиноятҳоро пайдо кунем. Ба ин хотир, амалиёти “Корд”- ро роҳандозӣ намудем. Он дар ду марҳила бо иштироки Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, шахсони масъули таълиму тарбияи фарзанд ва Хадамоти кор бо ноболиғони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ва шуъбаҳои дахлдори раёсат баргузор гашт. Дар амалиёти якум 13 нафарро дастгир кардем. Дар миёни инҳо ҷавонон ва ноболиғоне буданд, ки бо корд ба мактаб мерафтанд. Дар маҷмӯъ, дар ду марҳила 23 корди финка, электрошоп, дастпӯшҳои оҳанин аз дасти ҷавонону ноболиғон мусоидира карда шуд.
-Бо чӣ мақсад ин ҷавон бо худ корд ба мактаб мерафтанд ё ба кӯча мебаромаданд?
— Яке мегӯяд, барои муҳофизати худ, дигаре бошад, пӯст кандани себро баҳона пеш меорад. Аммо воқеият дар ҷои дигар аст. Онҳо ихтилофи назар ва муноқишаҳоро мехоҳанд бо корд ҳал намоянд. Албатта, баҳсу нофаҳмиҳо байни ҷавонон ҳаст, аммо дар натиҷаи беаҳамиятии волидон ё атрофиён оқибат онҳо даст ба ҷиноят мезананд.
Амалиёти “Корд” дар Душанбе бисёр бамаврид буд ва натиҷаи хуб ҳам овард. Вақте ки як ҷавон дастгир шуд, дар бараш 5 корд дошт. Баъди гузаронидани ин амалиёт, то ҳол ягон авбошӣ ва ҷиноят тавассути корд ба қайд гирифта нашудааст. Инчунин, дар ин замина мо якчанд вохӯриро бо ҷавонон ва варзишгарони пойтахт доир намудем. Ҳадафи гузаронидани амалиёти “Корд”-ро низ ба онҳо гӯшрас кардем, то ин ки дар ин бора ба дӯстону наздикон расонанд. Дар ин самт ҳоло мо корро идома медиҳем.
-Ҳодисае, ки 8 октябр дар назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон рух дод, ҷони донишҷӯи тоҷик Дилмурод Фозиловро бо худ бурд. Дар ин куштор донишҷӯи дигар Убайдулло Қурбонов гумонбар дониста мешавад. Заминаи ин воқеаи хунин чӣ буд?
-Ин муноқиша оғоз аз давраи мактабӣ мегирифт. Вақте дар дохили нақлиёти мусофиркаш ду донишҷӯ савор мешуданд, якдигарро мебинанд. Дар дохили нақлиёт ҷангҷол сар зада, бо корд задан анҷом мепазирад. Корд ба дили донишҷӯ мерасад ва дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ҳар ду донишҷӯи як донишгоҳ буданд. Маҳз ҳамин ҳодиса боис шуд, ки амалиёти “Корд”-ро гузаронем. Ягон маротиба амалиёти кордро нагузаронида будем, ин бори аввал аст. Инро вазъият талаб кард ва бояд пеши ин гуна амалҳои нангин миёни ҷавонон гирифта шавад.
-Дар як соли охир чанд ҳодисаи бо корд содир намудани ҷиноят сурат гирифт?
-Дар 4 ҳолат дар байни ноболиғон тавассути корд ҷиноят содир шудааст. Ба воситаи корд калонсолон ҳам ҷиноят содир мекунанд. Ҳатто авбошӣ ва расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар муҳити оила, задани корд ба ҳамсар ва дар натиҷа ба марг расонидан ба қайд гирифта шудааст.
-Амалиёти “Корд” яквақта аст ё пайваста?
-Амалиёт вобаста ба вазъият аст. Мо тасмим дорем, ки дар ин амалиёт падару модарон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ иштирок кунанд. Баъди гузаронидани ин амалиёт аллакай ба телефони боварии раёсат занг зада, моро огоҳ мекунанд, ки ҷавоне дар даст корд дорад. Ҳоло моро худи сокинони пойтахт оид ба ҳар гуна кирдорҳои барои ҷомеа хавфнок хабардор карда истодаанд. Ҳатто омӯзгорону директорони муассисаҳои таълимӣ ба мо занг зада, оид ба ҳодисае хабар медиҳанд. Умуман, дар як муддати кӯтоҳ амалиёти мазкур таъсири худро ба вазъи ҷинояткорӣ расонд.
Мусоҳибаи муфассалро дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа кунед
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ